Тавофуқи Вашингтон ва Лондон барои барканории валиаҳди Арабистон
(last modified 2018-11-03T14:08:29+00:00 )
Ноябр 03, 2018 19:08 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Вашингтон ва Лондон барои барканории валиаҳди Арабистон

Рӯзномаи лубнонии Ал Бано ба нақл аз як манбаи баландпояи аврупоӣ навишт, тибқи барномаи ҳамоҳанг шуда байни Лондон ва Вашингтон, Муҳаммад ибни Салмон ба зуддӣ аз валиаҳдии ҳукумати Саудӣ соқит мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ин рӯзномаи лубнонӣ дар ёддоште ба нақл аз як манбаи огоҳи аврупоӣ навишт, ки ибни Салмон ғарқ шуда ва чизе намондааст, Арабистон ҳам бо ӯ ғарқ шавад.

Ал Бано навишт, бо барканории Муҳаммад ибни Салмон, Аҳмад ибни Абдулазиз, валиаҳд ва Муҳаммад ибни Ноиф ҷонишини валиаҳд мешавад ва бо вуҷуди душвории маъмурияти Аҳмад ибни Абдулазиз, фурсат барои ин шоҳзодаи Саудӣ бисёр муносиб аст.

Манбаи аврупоӣ дар гуфтугӯ бо ин рӯзномаи лубнонӣ бо ишора ба инки Арабистон бо маъмурияти Аҳмад ибни Абдулазиз мароҳили муҳим ва ҷиддиро пеш рӯ дорад гуфт, интизор меравад, нақшаи муштараки Лондон ва Вашингтон бо пуштибонии шоҳзода Аҳмад ибни Абдулазиз, бародари Малик Салмон ва охирин фарзанди бунёнгузори Арабистон омодаи иҷро бошад ва дар соатҳо ё ҳафтаи пеши рӯ, шоҳиди иттифоқоти тозае дар доираи сиёсии ҳукумати Арабистон бошем.