Ноябр 03, 2018 20:05 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон амнтар аз Синкиёнг барои мусулмонони чинӣ

Нашрияи амрикоӣ эълом кард, ки шумори зиёде аз ақаллияти мусулмонони чинӣ дар шимоли ғарби ин кишвар бар асари саркӯбҳои Пекин ба Афғонистон кӯч кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, нашрияи амрикоии «Форен полиси» дар гузорише эълом кард, ки саркӯби ақаллияти мусулмони чинӣ дар иёлати Синкёнг сабаб шудааст, то ин мусулмонон барои раҳоӣ аз озору азияти қавмӣ ва мазҳабӣ ба Афғонистон муҳоҷират кунанд.

Пеш аз ин мусулмонони уйғур, ки дар ин иёлати сокин ҳастанд бо таваҷҷуҳ ба иртибототи қавмӣ, забонӣ ва мазҳабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон паноҳ мебурданд, аммо акнун ин кишварҳо ба лиҳози вобастагии иқтисодӣ ба Чин дар муқобили фишори Пекин бар уйғурҳо таслим шудаанд.

Бар асоси гузориши ин нашрияи амрикоӣ, акнун Афғонистони даргири ҷанг, танҳо кишвари ҳамсояи Чин аст, ки аз назари сиёсӣ ва мазҳабӣ, метавонад ба унвони паноҳгоҳе барои уйғурҳои паноҳҷӯ матраҳ бошад.

Ҳамакнун теъдоди уйғурҳое, ки дар вилояти Бадахшон дар шимоли шарқи Афғонистон ва ҳаммарз бо Чин мустақар шудаанд, ба ҳудуди 4 ҳазору 500 нафар расидааст.