Сентябр 11, 2016 13:01 Asia/Dushanbe
  • Сурия бо оташбаси Амрико ва Русия мувофиқат кард

Ҳукумати Сурия бо оташбаси мувофиқатшуда миёни Амрикову Русия ва иҷрои он аз рӯзи душанбеи ин ҳафта мувофиқат кард.

Хабаргузории расмии Сурия ба нақл аз манобеи огоҳи сурӣ гузориш дод, ки ҳукумати ин кишвар бо оташбаси эъломшуда аз ҷониби Амрико ва Русия мувофиқат кардааст.

Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дирӯз, ҷумъа, дар поёни музокироти 14-соатаи худ дар Женева аз тавофуқ бар сари нақшаи роҳе барои оташбас дар Сурия ва ҳамчунин оғози марҳалаи амалиёти сиёсӣ дар ин кишвари ҷангзада хабар доданд.

Керри баъд аз ин музокирот бо баёни ин ки "бовар дорам, ин тарҳ ба музокирот барои таваққуфи даргириҳо мунҷар мешавад", таъкид кард: "Имрӯз Амрико ва Русия тарҳеро ироа карданд, ки умедворем, ба коҳиши хушунату коҳиши дарду ранҷи мардум хотима бидиҳад ва ба азсаргирии музокироти сулҳу интиқоли сиёсии қудрат дар Сурия анҷомад". Вазири умури хориҷии Амрико афзуд, Амрико дар ин ҷо дар ҳоли бардоштани гомҳои бештаре аст, зеро Русия аз ин қобилият бархурдор аст, то Башор Асадро водор кунад, то ба даргирӣ поён диҳад ва ба пойи мизи музокира биёяду сулҳ барқарор шавад. Ӯ хотирнишон кард, бар асоси ин тарҳи тоза, оташбас аз асри рӯзи душанбе, 12 сентябр, ки бо Иди Қурбон мусодиф аст, оғоз хоҳад шуд ва чунончи, ин оташбас тавассути ҳама тарафҳои даргир ба муддати як ҳафта риоят шавад, Амрико ҳамкории муштаракро бо Русия барои ҳадаф қарор додани Ҷабҳат-ун-нусра ва  ДИИШ оғоз хоҳад кард.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ҳам дар пайи нишасти 14-соатаи худ бо Ҷон Керри дар бораи Сурия гуфт, ки ин дидор мунҷар ба имзои панҷ санад, тавофуқоте шуд, ки ду тараф ба манзури азсаргирии раванди сиёсӣ ба он даст ёфтанд.