Ноябр 05, 2018 18:48 Asia/Dushanbe
  • Писари Самиул Ҳақ; Ҷонишини падари маънавии Толибони Покистон

Мавлоно Ҳомидул Ҳақ, фарзанди Самиул Ҳақ, раҳбари шохаи Самеъи Ҷамъияти уламои исломии Покистон шуд.

Ба гузориши Спутник, Мавлоно Самиулҳақ, падари маънавии Толибон ва раҳбари Ҷамъияти уламои исломии шохаи Самеъ, шоми ҷумъа 2 ноябр да  хонаи худ дар шаҳри Равалпиндии Покистон дар як ҳамла ва бар асари зарботи корд кушта шуд.

Мавлоно Ҳомидул Ҳақ бо таъйиди қатли падараш ба дасти афроди ношинос дар хонааш дар шаҳри Равалпиндӣ гуфт, падараш замоне, ки дар ҳоли истироҳат буд, мавриди ҳамлаи афроди ношиноси корд бадаст қарор гирифт.

Вай гуфт, Самиул Ҳақ барои ширкат дар тазоҳуроти зидди давлатӣ ба шаҳри Равалпиндӣ омада буд ва замоне, ки ба далели баста будани роҳи самти шаҳри Исломобод натавонист ба пойтахт бирасад ба хонаи худ дар шаҳри Равалпиндӣ бозгашт ва дар замони қатл дар ҳоли истироҳат буд.

 Бар асоси ин гузориш, Самиул Ҳақ, муассиси мадрасаи исломии “Дорулулуми Ҳаққония” ва раҳбари Ҷамъияти уламои исломии Покистон буд ва миёни Толибони афғон ва покистонӣ нуфузи зиёде дошт, аммо ба лиҳози ташкилотӣ раҳбари гурӯҳи Толибон ва ё саркардаи онон маҳсуб намешуд.

Дар пайи террори мармузи раиси Ҷамъияти уламои исломии шохаи Самиул Ҳақ, пулис таҳқиқоти худро оғоз ва ба сарнахҳои муҳимме даст пайдо кард.

Пулиси шаҳри Равалпиндӣ эълом кард, ба думболи шикояти Ҳомидолҳқ фарзанд раис пешин ҳизб ҷамъият уламои ислом шоха смиъ, таҳқиқот полис оғоз шуда ва дар нахустин гом, қадамҳои муҳимме барои ҳал ин террор мармуз бардошта шуд.