Русия дар садри қудратмандтарин артишҳои аврупоӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i39282-Русия_дар_садри_қудратмандтарин_артишҳои_аврупоӣ
Артиши Русия дар миёни 25 кишвари аврупоӣ қудратмандтарин артиш аст ва баъд аз он кишварҳои Фаронса, Англия, Туркия ва Олмон қарор гирифтаанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 06, 2018 19:00 Asia/Dushanbe
  • Русия дар садри қудратмандтарин артишҳои аврупоӣ

Артиши Русия дар миёни 25 кишвари аврупоӣ қудратмандтарин артиш аст ва баъд аз он кишварҳои Фаронса, Англия, Туркия ва Олмон қарор гирифтаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, рӯзномаи «Российская газета» имрӯз навишт, Русия дар раддабандии 25 кишвари аврупоӣ дорои қудратмандтарин артиш аст. Ин раддабандиро портали хабарии амрикоии «Business Insider» бар асоси меъёрҳое монанди мавқеияти ҷуғрофиёӣ, имконоти ҳамлу нақл, манобеи табиӣ, тавони билқуваи тавлид, теъдоди амалиёти низомӣ, раванди тавсеаи кишвар ва нерӯи кори он анҷом додааст.

Дар ин раддабандӣ артишҳои Фаронса, Англия, Туркия ва Олмон пас аз Русия қудратмандтарин артишҳои Аврупо эълом шудаанд.