Русия дар садри қудратмандтарин артишҳои аврупоӣ
Ноябр 06, 2018 19:00 Asia/Dushanbe
Артиши Русия дар миёни 25 кишвари аврупоӣ қудратмандтарин артиш аст ва баъд аз он кишварҳои Фаронса, Англия, Туркия ва Олмон қарор гирифтаанд.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, рӯзномаи «Российская газета» имрӯз навишт, Русия дар раддабандии 25 кишвари аврупоӣ дорои қудратмандтарин артиш аст. Ин раддабандиро портали хабарии амрикоии «Business Insider» бар асоси меъёрҳое монанди мавқеияти ҷуғрофиёӣ, имконоти ҳамлу нақл, манобеи табиӣ, тавони билқуваи тавлид, теъдоди амалиёти низомӣ, раванди тавсеаи кишвар ва нерӯи кори он анҷом додааст.
Дар ин раддабандӣ артишҳои Фаронса, Англия, Туркия ва Олмон пас аз Русия қудратмандтарин артишҳои Аврупо эълом шудаанд.