Ноябр 07, 2018 17:55 Asia/Dushanbe
  • Интихоботи Амрико: Тақсими қудрати қонунгузорӣ байни демократҳо ва ҷумҳурихоҳон

Бар асоси натоиҷи эълом шуда дар интихоботи миёндавраии Конгресси Амрико, демократҳо тавонистаанд контроли Маҷлиси намояндагонро ба даст бигиранд, аммо Сенат ҳамчунон дар дасти ҷумҳурихоҳон хоҳад буд.

Натоиҷи аввалияи интихоботи миёндавраии Амрико нишон медиҳад, ки демократҳо, аксарияти курсиҳои Маҷлиси намояндагонро дар ихтиёр гирифтанд ва ин дар ҳоле аст, ки ҷумҳурихоҳон ба ҳифзи аксарияти худ дар Маҷлиси Сенат муваффақ шудаанд.

Ин интихобот ду сол пас аз пирӯзии ғофилгиркунандаи Доналд Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, баргузор мешавад ва бархе дидгоҳҳо ҳокӣ аст, натиҷаи он бар чигунагии таркиби курсиҳои маҷлис ва ҳатто замони поён ёфтани давраи раёсатҷумҳурии ҳокими кунунии Кохи Сафед таъсири мустақим хоҳад дошт.

Ҳамчунин то кунун ҳудуди 60 зан муваффақ ба вуруд ба Кангресс шудаанд, ки рӯйкарди камсобиқа дар Иёлоти Муттаҳида аст.

Рашида Тлайби фаластинитабор аз иёлати Мичиган ва Илҳон Умари сомолиёитабор аз иёлати Миннесота ду номзади мусулмони Ҳизби демократ муваффақ шуданд ба Маҷлиси намояндагон роҳ ёбанд.

Ҳамчунин хонум Сафия Вазир, муҳоҷири афғонистонӣ ва Ана Скемонӣ, зани эронитабор низ тавонистанд аз аёлатҳои Ню-Гэмпшир ва Флорида ба Маҷлиси Намояндагони Амрико роҳ ёфтанд.

Ҳизби ҷумҳурихоҳ аксариятро дар Маҷлиси намояндагон пас аз ҳашт сол аз даст дод, аммо тавонист аксарияти худро дар Сенат афзоиш диҳад.

Доналд Трамп дар “Твитт”-е ин интихоботро як "пирӯзии бузург" барои худ ва ҳомёнаш донист.

Дар ҳамин ҳол, Нанси Пелоси, раиси эҳтимолии Маҷлиси намояндагон дар Конгресси баъдӣ дар нахустин изҳори назари худ баъд аз пирӯзии демократҳо гуфт, муваффақияти ин ҳизб дар интихоботи ахир, механизми назорат ва бозрасии қаваҳо бар якдигарро эҳё мекунад.