Ноябр 07, 2018 19:58 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Толибон барои нишасти сулҳи Маскав

Толибон омодагии худро барои ширкат дар нишасти Маскав дар бораи сулҳ дар Афғонистон эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории Ово, Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар эълом кард, намояндагони ин гурӯҳ бо ширкат дар нишасти Маскав барои сулҳи Афғонистон, дидгоҳи худро барои поёни ҷанг ва барқарории амният дар ин кишвар эълом мекунанд.

Толибон пештар ширкат дар музокироти сулҳи Афғонистонро дар гарави хурӯҷи низомиёни хориҷӣ аз ин кишвар дониста буд.

Толибон дар ҳоле аз ҳузури худ дар ин нишаст хабар дода, ки вазорати умури хориҷаи Афғонистон таъкид кардааст, намояндагони ин кишвар дар нишасти сулҳи Маскав ширкат намекунанд.

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Афғонистон эълом кард, фақат шуморе аз аъзои Шӯрои олии сулҳ дар нишасти сулҳи Маскав ширкат хоҳанд кард.

Вазорати умури хориҷаи Русия ахиран аз баргузории нишасти сулҳи Маскав бо ҳузури намояндагони давлати Афғонистон, гурӯҳи Толибон ва намояндагоне аз кишварҳои Покистон, Эрон, Ҳинд, Чин ва Амрико хабар дода буд.

Нишасти сулҳ Маскав дар ҳоле қарор аст, нӯҳуми ноябр баргузор шавад, ки ин нишаст пеш аз ин дар моҳи сентябр бино ба дархости давлати Афғонистон лағв шуда буд.

Бархе аз коршиносони масоили сиёсии минтақа далели ширкат накардани давлати Афғонистон дар нишасти сулҳи Маскваро мухолифати Вашингтон бо ҳузури Кобул эълом кардаанд.