Ноябр 11, 2018 10:39 Asia/Dushanbe
  • Туркия иттилооти қатли Хошуқҷро ба Амрико ва Аврупо дод

Раисиҷумҳури Туркия гуфт, мо наворҳои савтиро дар хусуси қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ ба Арабистони Саудӣ ва кишварҳое монанди Фаронса ва Англия ва Амрико додаем ва ниёзе ба маъталии бештар нест.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон афзуд, мо ҳеҷ санад ва мадраке дар бораи ҷои ҷасади Ҷамол Хошуқҷӣ надорем.

Вай гуфт, Арабистони Саудӣ бояд дар қиболи ҳусни нияти мо барои раҳоӣ аз ин шубҳа, одилона рафтор кунад дар ғайри ин сурат ин шубҳа ҳамвора бо онҳо хоҳад буд.

Раисиҷумҳури Туркия афзуд, ҳукумати Саудӣ, додситони кулли худро ба Туркия фиристод, аммо ӯ барои монеатарошӣ дар масири таҳқиқот ба Туркия омад.