Ифшои изҳороти зиддисаудии Мавлоно Самеулҳақ қабл аз террор
Мавлоно Самеулҳақ, раиси Ҷамоати уламоии исломии Покистон ду рӯз қабл аз террор аз сиёсатҳои таҷовузкоронаи Ибни Салмон, валиаҳди Арабистон алайҳи мардуми Яман интиқод карда буд.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Самеулҳақ қабл аз террораш зимни маҳкум кардани ҷиноёти Оли Сауд дар наслкушии мусалмонони мазлуми Яман Арабистонро ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам карда буд. Раиси собиқи Ҷамоати уламои исломии Покистон гуфта буд, Оли Сауд дар ҳоле худро ходими ҳарамайни шарифин меномад, ки дар хидмати сиёсатҳои таҷовузкорона ва саркӯбгаронаи режими саҳюнистӣ дар куштори мусалмонони фаластинӣ, аз ҷумла занону кӯдакон қарор гирифтааст. Самеулҳақ афзуд, Ибни Салмон ба ҷойи талош барои ваҳдати мусалмонон дар ҷиҳати хушхидматӣ ба сиёсатҳои зӯргӯёна ва тавсеаталбонаи Амрико дар минтақа ҳаракат мекунад.
Самеулҳақ ду рӯз пас аз эроди ин суханон, дар рӯзи ҷумъаи гузашта дар иқдоми машкуке дар манзилаш дар шаҳри Ровалпинди ба қатл расид. То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин террорро ба уҳда нагирифтааст.