Ноябр 13, 2018 12:11 Asia/Dushanbe
  • Афви байналмилал ҷоизаи мӯътабари «Сафири виҷдон»-ро аз Онг Сон Сучи пас гирифт

Созмони афви байналмилал рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, ҷоизаи мӯътабари «Сафири виҷдон»-ро аз Онг Сон Сучи раҳбари ҳизби ҳокими Миёнмор пас гирифтааст.

Ин иқдом дар вокуниш ба идомаи ҳамлаҳои артиши Миёнмор ба мусулмонони Руҳингиё дар вилояти Рохин дар ғарби ин кишвар сурат мегирад.

Созмони афви байналмилал дар ин баёния тасреҳ кард, Онг Сон Сучи дар муқобили ҷиноятҳои артиши Миёнмор сукут карда ва иҷоза намедиҳад маъмурони артиши ин кишвар барои кирдорҳои худ посух диҳанд.

Созмони афви байналмилал рафтори Сучиро «хиёнат» ба арзишҳое муаррифӣ карда, ки рӯзе вай ба истилоҳ «намод»-и онҳо будааст.

Пеш аз ин низ Британия нишони «Озодии Оксфорд» -ро аз Онг Сон Сучи пас гирифта буд.

Донишгоҳи Оксфорд дар соли 2012 ба Сучи унвони доктори ифтихорӣ дода буд.

Аз аз 25 августи 2017 то кунун дар мавҷи ҷадиди ҳамлаҳои саркӯбгарона ва таҷовузкоронаи артиши Миёнмор ба мусулмонони Руҳингиё дар вилояти Рохин, ғарби ин кишвар, беш аз шаш ҳазор нафар кушта ва ҳашт ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд. Беш аз як миллион нафар аз мусулмонони Руҳингиё низ маҷбур ба фирор ба Бангладеш шудаанд.

Вилояти Рохин аз соли 2012 саҳнаи ҳамлаҳои артиши Миёнмор ва буддоиёни ифротӣ алайҳи мусулмонони Руҳингиё аст.

Созмони милали муттаҳид ахиран эълом кард, артиши Миёнмор ба дунболи «поксозии қавмӣ» дар ин кишвар аст.