Ноябр 13, 2018 14:45 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрдуғон бар нақш доштани мақомҳои олии Арабистон дар қатли Хошуқҷӣ

Раиси ҷумҳурии Туркия бори дигар эълом кард, дастури қатли Ҷамол Хошуқҷӣ аз олитарин сатҳ дар ҳукумати Арабистон содир шудааст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи сешанбе ҳангоми бозгашт аз Фаронса ба Туркия дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт: Дар Фронса ба Трамп, Макрон ва Меркел гуфтам, ҷинояти қатли Хошуқҷӣ аз қабл барномарезӣ шуда буд ва дастури қатлро мақомоти баландпояи Саудӣ содир карда буданд.

Вай афзуд: Фарде ба ҷуз 18 муттаҳами боздоштшуда, масъули аслии қатли ин рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ аст ва ӯ бояд муаррифӣ ва муҳокима шавад.

Эрдуғон дар бораи файли савтии Қатли Хошуқҷӣ гуфт: Ҳатто як афсари иттилоотии Арабистони Саудӣ баъд аз шунидани файли савтии қатли Хошуқҷӣ дар консулгариии Истамбул, ҳайратзада шуда буд. Муҳтавои ин файли савтӣ бисёр фаҷеъ ва риққатовар аст. Ин афсар дар бораи қотили Хошуқҷӣ гуфт, ки ӯ ҳатман героин масраф карда, зеро фақат касе, ки героин масраф карда бошад метавонад чунин коре кунад.

Эрдуғон ҳамчунин таъкид кард, ки ин мавзӯъ бояд мушаххас шавад, ки бар сари ҷасади Ҷамол Хошуқҷӣ чӣ омадааст ва агар ҷасади вай пора- пора шуда, ба ҷойи дигаре мунтақил шуда ва ё ҳатто агар дар маконе дафн шуда бошад, бояд мушаххас шавад.

Пеш аз ин, манбаи огоҳ дар дафтари додситонии кулли Туркия эълом карда буд, дар хона сарконсули Саудӣ дар Истамбул, боқимондаи асид ва маводи химиёвии хоссе пайдо шудааст ва бар асоси натоиҷи таҳқиқоти анҷомгирифта, ҷасади Ҷамол Хошуқҷӣ бо асид нобуд шуда ва ҳамаи далелҳо ва осори ҷинояти қатли вай комилан аз байн рафтааст.