Ноябр 13, 2018 17:52 Asia/Dushanbe
  • Намояндагони парлумони Аврупо: Сафири ИА аз Арабистон фаро хонда шавад

57 нафар аз намояндагони парлумони Аврупо дар номае ба Федерико Мугарини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо аз вай хостаанд, то дар вокуниш ба иқдомоти густурдаи Саудӣ дар нақзи ҳуқуқи башар сафири ин иттиҳодро аз Арабистон фаро бихонад.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, дар ин нома бо ишора ба қатли Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори саудии мунтақиди Риёз омадааст, пурсишҳои муҳиме ҳамчунон боқӣ аст, ки шомили маҳалли пинҳон кардани бақоёи ҷасади Хошуқҷи ва ҳувияти касоне аст, ки дастури қатли ӯро содир карданд. Ин нома меафзояд: “Марги Хошуқҷи дар раъси феҳрасти мавориди нақзи ҳуқуқи башар қарор мегирад, ки Арабистони Саудӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ аз кишвараш муртакиб шудааст”. Дар идомаи ин нома тасреҳ шудааст, дар як рӯйдоди ҷадид ва ба шиддат нигаронкунанда 12 марди шиа дар муҳокимае ба эъдом маҳкум шудаанд, ки Созмони Афви Байналмилал онро як "муҳокимаи комилан ноодилона" тавсиф кардааст ва ин 12 нафар дар ояндаи наздик бо хатари эъдом мувоҷеҳанд.

Намояндагони парлумони Аврупо ҳамчунин бо ишора ба ҷиноёти густурдаи саудиҳо дар Яман аз Федрико Мугарини хостанд, то замоне ки Арабистон ба бомбаборони ғайринизомиён дар Яман поён надиҳад, гомҳои мусбате дар ҳавзаи риояти ҳуқуқи башар барнадорад ва ба анҷом додани таҳқиқоти байналамилалӣ ва муҳокимаи одилонаи мусаббабони қатли Хошуқҷи мутааҳҳид нашавад, руасои ҳайатҳои Иттиҳоди Аврупо дар Риёзро фаро бихонад.