Гулен давлати Туркияро бо "сарбозони хуфтааш" таҳдид кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i3943-Гулен_давлати_Туркияро_бо_сарбозони_хуфтааш_таҳдид_кард
Фатҳуллоҳ Гулен бо интишори як паёми видеоӣ, давлати Туркияро таҳдид кард, ки сарбозонаш омодаанд то бо дастури ӯ бо давлати марказӣ муқобила кунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 11, 2016 14:19 Asia/Dushanbe
  • Гулен давлати Туркияро бо

Фатҳуллоҳ Гулен бо интишори як паёми видеоӣ, давлати Туркияро таҳдид кард, ки сарбозонаш омодаанд то бо дастури ӯ бо давлати марказӣ муқобила кунанд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Фатҳуллоҳ Гулен, мухолифи Амриконишини Туркия дар ин паёми видеоӣ эълом кард, Туркия ба зудӣ шоҳиди таҳдиди дигаре алайҳи давлати мунтахаби марказӣ хоҳад буд.

Гулен бо ташбеҳи пайравонаш ба "селлулҳои мағзӣ", ки омодаи дастур ҳастанд ва бо ишора ба нуфузиҳояш дар артиши Туркия иддао кард: "Онҳо дар хоб ҳастанд. Зеро ҳанӯз вазифае ба онҳо вогузор нашудааст ва бо мушкил мувоҷеҳ нашудаанд".

Дар пайи кудатои ахир дар Туркия , давлати ин кишвар Фатҳуллоҳ Гуленро муттаҳам кард, ки раҳбарии ин кудаторо бар уҳда доштааст.

Гулен муқими Иёлати Пенсилванияи Амрико аст.