Ноябр 14, 2018 11:29 Asia/Dushanbe

Оташсӯзии азим дар шаҳри Калифорнияи Амрико то кунун ҳафт ҳазор сохтмонро вайрон карда ва осмони шаҳри "Породойс" (Биҳишт) - ро дуду хокистар фаро гирифтааст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, бо вуҷуди ваъдаҳои мақомоти маҳаллӣ, оташсӯзӣ дар Калифорния, ­ки бузургтарин оташсӯзии таърих дар ин минтақа ба шумор меравад, сокинони ин минтақаро беэътимод ва нигарон кардааст.

Image Caption

Оташсӯзӣ дар Калифорния, ки аз рӯзҳои пеш оғоз шуда, чиҳилу чаҳор кушта бар ҷой гузоштааст ва 200 нафар низ нопадид шудаанд. 

Ин оташсӯзӣ маргбортарин ҳодиса аз ин даст будааст ва вазиши боди шадид хомӯш кардани онро барои оташнишонон душвор кардааст.

Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption

Гузоришгари шабакаи "Франс 24" гуфт, шаҳри Породойс дар арзи чанд соат ба ҷаҳаннам табдил ва аз бистуҳафт ҳазор сокини худ холӣ шудааст.