Ноябр 14, 2018 14:52 Asia/Dushanbe
  • Маскав дар байни 10 шаҳри бартари ҷаҳон қарор гирифт

Муассисаи байналмилалӣ ва таҳқиқоти «Резонанс», ки ба сурати давраӣ радабандии шаҳрҳои ҷаҳон аз назари кайфияти зиндагиро эълом мекунад, Маскавро дар радаи шашуми листи худ қарор додааст.

Ба гузориши ИРНА, ин муассисаи таҳқиқотӣ бо ироаи феҳристе аз беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон, Лондон - пойтахти Англияро дар рутбаи нахуст қарор додааст.

Дар ин феҳрист Порис, Ню-Йорк, Токио ва Барселона дар ҷойгоҳҳои баъдӣ қарор гирифтаанд.

Ин радабандӣ бар асоси 23 шохис сурат гирифтааст, ки мизони тавсеаи зерсохтҳои шаҳрӣ, дастрасии шаҳрвандон ба маскан, имкони пайдо кардани шуғл ва шароити муҳити зистӣ аз ҷумлаи онҳост.

Пойтахти Федератсияи Русия пештар дар радаи нуздаҳуми феҳристи олудатарин шаҳрҳои Аврупо қарор гирифта буд.

Пойтахти русҳо бо доштани меъмории мутафовит, кохи Кремл ва мумиёии Ленин, раҳбари Иттиҳоди пешини ҷамоҳири Шӯравӣ дар миёнаи Майдони Сурх яке аз ҷозибаҳои гардишгарии мунҳасир ба фарди дунё маҳсуб мешавад.