Тасаллути давлати Кобул бар 62 дарсади хоки Афғонистон
(last modified Sun, 11 Sep 2016 14:10:04 GMT )
Сентябр 11, 2016 19:10 Asia/Dushanbe
  • Тасаллути давлати Кобул бар 62 дарсади хоки Афғонистон

Фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон гуфт, ки давлати Кобул танҳо 62 дарсади хоки ин кишварро таҳти контроли худ дорад.

Ба гузориши хабаргузории "Ово", генерал Ҷон Никелсон афзуд, ҳамакнун 62 дарсади хоки Афғонистон дар ихтиёри давлат аст ва Толибон низ бар даҳ дарсади ин кишвар контрол дорад.

Никелсон таъкид кард, дар 25 дарсади дигар аз хоки Афғонистон ҷанг миёни Толибон ва артиши ин кишвар идома дорад, ки бархе манотиқ аз ҷумла дар иёлатҳои Қундӯз, Ҳилманд, Зобул, Пактиё ва Пактико ҳар аз гоҳе миёни тарафҳо даст ба даст мешавад.

 Фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон гуфт, шиддати даргириҳо дар манотиқи мухталифи Афғонистон натанҳо сабаби афзоиши талафот шуда, балки раванди омӯзиши нерӯҳои амниятиро низ бо мушкил рӯбарӯ кардааст.

Никелсон гуфт, омӯзиш ва тақвияти нерӯҳои амниятии Афғонистон дар шароити ҷанг барои Амрико ва НАТО бисёр душвор аст.

Ин изҳороти фармондеҳи низомии НАТО дар ҳолест, ки Амрико ба ҳангоми лашкаркашӣ ба Афғонистон дар соли 2001 мутааҳҳид шуда буд, бо саркӯби Толибон ва шабакаи террористии Алқоида, амният ва оромишро ба ин кишвар бозгардонад.

Бо ин ҳол, амнияти Афғонистон дар ин муддат натанҳо таъмин нашуда, балки рӯз ба рӯз вахимтар ва бар теъдоди талафоти ғайринизомиён низ афзуда шудааст.