Гузориши вижа: Далели талоши Русия барои сулҳи Толибон ва давлати Кобул
Ноябр 14, 2018 21:56 Asia/Dushanbe
Замоне, ки Толибон дар Афғонистон дар раъси қудрат буд, Русияро ба иллати таҷовузи Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон дар зумраи душманони худ медид, аммо бо гузашти 17 сол аз суқути давлати Толибон дар Афғонистон, имрӯз Русия ба миёнҷигарии Толибон ва давлати Афғонистон пардохтааст.
Коршоносон фаъол шудани Русия барои эҷоди сулҳ дар Афғонистонро ба таҳдидҳои гурӯҳи террористии ДИИШ ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ муртабит медонанд.