Лағви мамнӯияти хурӯҷи раҳбари мухолифони давлати Русия
Хадамоти федеролии нозирони додгоҳии Русия эълом кард, мамнӯияти хурӯҷи раҳбари мухолифони давлати Русия аз ин кишвар, пас аз пардохти ҷаримаи муқаррар шуда, лағв шудааст.
Ба гузориши Рейтерз, Алексей Навалний, раҳбари мухолифони давлати Русия рӯзи чаҳоршанбе Русияро ба мақсади Страсбурги Фаронса тарк кард.
Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо мустақар дар Страсбург тасмим дорад, рӯзи панҷшанбе ҳукми худро дар бораи таҳқиқоти фаровоне, ки Навалний дар бораи амалкарди давлати Русия хостор шудааст, эълом кунад.
Охирин ҳукми маҳкумияти Навалний, 30 рӯз ҳабс дар моҳи майи 2018 буд, ки ба далели созмондеҳии эътирозҳои густурдаи зидди давлатӣ содир шуд.
Алексей Навалний ба ҷурми додани фарохони дигаре барои таҷаммӯҳои эътирозӣ ба афзоиши синни бознишастагӣ дар моҳи сентябр боздошт шуда буд.