Ҷопон коргари хориҷӣ мегирад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i39483-Ҷопон_коргари_хориҷӣ_мегирад
Давлати Ҷопон аз ниёз ба ҳудуди 345 ҳазор коргари хориҷӣ дар ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 15, 2018 16:08 Asia/Dushanbe
  • Ҷопон коргари хориҷӣ мегирад

Давлати Ҷопон аз ниёз ба ҳудуди 345 ҳазор коргари хориҷӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, давлати Ҷопон рӯз панҷшанбе эълом кард, ин кишвар қасд дорад барои ҷуброни камбуди нерӯи кори худ то соли моли(давраи)-и 2023 ҳудуди 345 ҳазор коргар хориҷиро дар бахшҳои мухталиф бакор гирад.

Дар ҳамин замина телевизиони Ҷопон низ эълом кард, эҳтимолан камбуди нерӯи кор дар Ҷопон то соли молии 2023 ба як миллиону 450 ҳазор нафар хоҳад расид.

Интизор меравад, ҳудуди 263 ҳазор то 345 ҳазор коргари хориҷӣ дар тӯли ин муддат вориди Ҷопон шаванд, ки аз ин теъдод 60 ҳазор нафар дар бахши парасторӣ, 53 ҳазор нафар дар ресторанҳо ва 40 ҳазор нафар ҳам дар бахши сохтумонсозӣ машғул ба кор хоҳанд шуд.