Ноябр 16, 2018 22:34 Asia/Dushanbe
  • Барпоии намози ҷанозаи ғоиб барои Хошуқҷӣ дар Истамбул

Рӯзи ҷумъа дар баръзе нуқоти ҷаҳон, аз ҷумла дар Истамбул барои Ҷамол Хошуқҷӣ, ки аз вазъияти ҷасади ӯ хабари дақиқе дар даст нест, намози ҷанозаи ғоиб барпо шуд.

Ба гузориши ИРНА, маросими намози ҷанозаи ғоиб барои Ҷамол Хошуқҷӣ бо ҳузури ҷамъи зиёде аз наздикони вай, рӯзноманигорони хориҷӣ, баъзе аз фаъолони сиёсии кишварҳои арабӣ, намояндагони маҷлиси Туркия ва Ёсин Октой мушовири Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси ҷумҳурии Туркия дар Истамбул баргузор шуд.

Мушовири Эрдуғон дар суханоне дар ин маросим, иқомаи намози ҷанозаи ғоибро паёме хитоб ба қотилони Хошуқҷӣ ва дастурдиҳандагони ин ҷиноят донист ва афзуд: Қотилони Хошуқҷӣ фақат ҷисми ин рӯзноманигорро нобуд карданд, аммо фикри ӯро наметавонанд маҳв кунанд.

Турон Қишлоқчӣ раиси анҷумани расонаии Турк-Араб низ дар ин маросим гуфт: Имрӯз намози ҷанозаи Хошуқҷиро хондем, аммо аз ҷанозаи вай хабаре нест, чунки қотилони бешарм, ҷасади ин рӯзноманигорро нобуд карданд.

Хабаргузории Анатоли низ дар хабаре эълом кард, намози ҷанозаи ғоиб барои Хошуқҷӣ дар масҷиди Куҷотеппаи Анқара, дар дигар кишварҳо монанди Индонезия ва ҳамчунин дар шаҳрҳои Макка ва Мадина барпо шудааст.