Сентябр ва тадовуми 15 сол терроризми амрикоӣ - саудӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i3952-Сентябр_ва_тадовуми_15_сол_терроризми_амрикоӣ_саудӣ
Саранҷом баъд аз 15 сол аз ҳодиса 11 сентябр, ки ба марги беш аз се ҳазор амрикоӣ мунҷар шуд, Маҷлиси намояндагони Амрико тарҳеро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он, хонаводаи қурбониён ҳақ доранд аз давлати Саудӣ шикоят кунанд. Гарчӣ ин тарҳ метавонад, роҳро барои додхоҳии қурбониёни ин ҳамлаи террористӣ боз нигаҳ дорад, аммо дар ин миён наметавон аз пайванди шуми амрикоӣ- саудӣ чашм пӯшид ва аз тадовуми понздаҳ солаи терроризми амрикоӣ- саудӣ, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон сухан нагуфт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 11, 2016 15:37 Asia/Dushanbe
  • Сентябр ва тадовуми 15 сол терроризми амрикоӣ - саудӣ

Саранҷом баъд аз 15 сол аз ҳодиса 11 сентябр, ки ба марги беш аз се ҳазор амрикоӣ мунҷар шуд, Маҷлиси намояндагони Амрико тарҳеро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он, хонаводаи қурбониён ҳақ доранд аз давлати Саудӣ шикоят кунанд. Гарчӣ ин тарҳ метавонад, роҳро барои додхоҳии қурбониёни ин ҳамлаи террористӣ боз нигаҳ дорад, аммо дар ин миён наметавон аз пайванди шуми амрикоӣ- саудӣ чашм пӯшид ва аз тадовуми понздаҳ солаи терроризми амрикоӣ- саудӣ, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон сухан нагуфт.

Кумитаи таҳқиқ ва баррасии ҳамалоти террористии 11сентябри вобаста ба Кунгураи Амрико, ахиран ҳимояти молии режими Саудӣ аз омилони ин ҳаводисро таъйид кард. Аз 19 ҳавопайморабои ҳодисаи 11 сентябр, 15 нафар шаҳрванди Арабистони Саудӣ буданд. Асноде, ки ба тозагӣ аз ҳолати маҳрамона хориҷ ва дар Амрико мунташир шудааст, нишон медиҳад бисёре аз ин ҳавопайморабоён ба сурати ғайримустақим бо мақомҳои сиёсии давлати Арабистон дар иртибот будаанд. Афзӯн бар он, Ҷон Лимон-фармондеҳи нерӯи дарёии Амрико, дар замони риёсатҷумҳурии Регон ва низ мушовир Ҷон Маккен аз сиёсатмадорони ҷумҳурихоҳи Амрико ба сароҳат аз нақши Арабистон дар ҳаводиси террористии 11 сентябр парда бардошт. Ин дар ҳоле аст, ки Кунгураи Амрико аз сол 2001 токунун ба думболи тасвиб расондани қонун барои тарҳи шикояти қазои алайҳи саудиҳо будааст. Хонаводаҳои қурбониёни ҳамалоти 11 сентябр аз Кунгураи Амрико хоста буданд, ки заминаро барои танзими додхост алайҳи Арабистони Саудӣ фароҳам кунад. Тарҳи Кунгура, имкони додхости афроди ҳақиқиро аз афроди ҳуқуқии хориҷӣ ва кишварҳое, ки дар хоки Арабистон муртакиби амалиёти террористӣ шуда бошанд, эҷод мекунад.Арабистон таҳдид кардааст, агар Амрико ин қонунро тасвиб кунад, авроқи қарзии давлати Амрико ва дигар сармояҳои амрикоиро, ки дар ихтиёр дорад, ба ҳароҷ хоҳад гузошт. Ҳол саволи асосӣ ин аст, ки чӣ далоили пинҳонӣ дар пушти пардаи ин иқдоми режими Саудӣ аст. Иртиботи пинҳони ҷумҳурихоҳон бо раҳбарони режими Саудӣ Одил Ҷубайр-вазири хориҷаи Арабистон ахиран барои ҷилавгирӣ аз маҳкумияти ин кишвар дар додгоҳҳои Амрико ба даст доштан дар ҳаводиси 11 сентябр, таҳдид кард, ки Арабистон сармояҳои худро дар Амрико, ки беш аз яксад миллиард доллар аст, аз ин кишвар хориҷ хоҳад кард. Ин иддаои вазири умури хориҷаи Арабистон ва талош барои маҳрамона мондани ин аснод, нишон аз иртиботи пинҳони Ҷумҳурихоҳон бо раҳбарони режими Саудӣ дорад. Иртиботи сиёсии раҳбарони Саудӣ ва режими саюнистӣ бо ҷиноҳи тундрави Ҷумҳурихоҳон дар Амрико ба ҳадде аст, ки Барак Обама расман Арабистонро кишваре фурсатталаб ва роҳатталаб донист, ки аз Вашингтон интизор дорад, худро вориди танишҳои беиртибот бо манофеи миллии Амрико кунад. Иртиботи молии раҳбарони режими Саудӣ бо ҷиноҳи тундрави Ҷумҳурихоҳ дар Амрико низ амре возеҳ аст. Асосан режими бадавӣ ва нокоромади Арабистон ниёзи доимӣ ба ҳимоятҳои сиёсӣ ва молии Амрико дорад. Яке аз равишҳои ин ниёз, талош барои ҷазби аъзои тундрави Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Кунгура ва талош барои нуфуз дар аркони тасмимгирии Амрико аст. дар ҳамин хусус, Боб Грэхэм- раиси собиқи Сервиси иттилоотии Кунгураи Амрико, ки ба гузориш маҳрамонаи ҳаводиси 11 сентябр низ дастрасӣ дошт, ба сароҳат таъкид кард, бо ин, ки ман муваззафам, ки дар бораи ин гузориш чизе эълом накунам, аммо метавонам бигӯям, ки 28 сафҳа аз ин гузориш дар мавриди ин масъала аст, ки чӣ касе ҳомии молии 11 сентябр буда. Самту сӯи ин гузориш, қавиан ба сӯи Арабистони Саудӣ аст. Ҳифзи ҷабҳаи саудӣ – саҳюнистӣ дар минтақа ҳимоияти созмондеҳи шудаи Арабистон ва ба таври мушаххас, раҳбарони фирқаи ваҳобият дар ин кишвар ва низ созмонҳои хайрияи Арабистон барои мудирияти ин ҳодисаи террористӣ, ҳақиқате аст, ки наметавон б-дон ишора накард. Нақши мушаххаси консулгарии Арабистон дар Лос-Анҷелес ва низ сафорати Арабистон дар Вашингтон дар ҳимоят аз омилони ин ҳодисаи террористӣ, дар асноди 28 сафҳаӣ мавҷуд аст. Афзӯн бар он, дар ин асноди 28 сафҳаӣ ба ҳимояти расмӣ ва давлатии режими Саудӣ аз ду нафар аз омилони ин ҳаводис, ки дар минтақаи Калифорнияи Ҷанубӣ иқомат доштанд, ишора шудааст. Акнун ва пас аз шикасти сангини Арабистон дар Яман, талош барои пинҳон кардани ин иқдомоти террористӣ аз сӯи Арабистон дар ҷиҳати ҳифзи ваҷҳаи сиёсии худ дар минтақа ва низ барои фирор аз тазъифи ҷабҳаи саудӣ – саҳюнистӣ дар Ховари Миёна аст. Фиреби афкори умумии минтақа ва ҷаҳон дар ҳоли ҳозир, ифротгароии ваҳобият дар Арабистон реша давонда ва ба тамоми бахшҳои ҷомеаи бадавӣ дар ин кишвар сироят кардааст. Мубаллиғон ва раҳбарони мазҳабии ин фирқа, дар ин кишвар бо сарфи ҳазинаҳои зиёд, миллиардҳо доллар аз сарвати умумиро барои тарвиҷи афкори зола ва зидди башарии худ ҳазина мекунанд. Ба ҳамин далел аст, ки режими саудӣ мубтанӣ бар таолими зидди башариа ваҳобият, ба думболи фиреби афкори умумӣ ва пинҳон кардани нақши худ дар ҳимояти молӣ ва таслиҳотӣ аз терроризми давлатӣ, бавижа дар моҷарои 11 сентябр аст. Боб Кэри яке аз аъзои аслии Кумитаи ҳақиқатёби 11сентябр хитоб ба давлатмардони ин кишвар гуфт: ' шумо наметавонед ба террористҳо пул бидиҳед ва баъд бигӯед, ки иқдомоти онҳо рабте ба мо надорад'. Акнун ва пас аз гузашти понздаҳ сол аз яке аз хатарноктарин ҳамлаҳои террористӣ дар Амрико, иддаои режими Саудӣ бино бар даст надоштан дар ҳаводиси террористии 11 сентябри 2001 таваҳҳуми беморгуна аст, ки реша дар тарси ин режим аз суқути иқтисоди сиёсӣ ва низомӣ дорад; Амре, ки дар ояндаи наздик ба воқеияте малмус табдил хоҳад шуд.