Дастури боз кардани қабри Мавлавӣ Самеулҳақ содир шуд
Пулиси Покистон барои такмили раванди таҳқиқот ва дастгир кардани қотил ё қотилони саркардаи Ҳизби ҷамъияти уламои Ислом тавонист мувофиқати дастгоҳи қазоиро барои боз кардани қабри Самеулҳақ ба даст оварад.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, дастгоҳи қазоии Покистон бо кандани қабр ва колбадшикофии Мавлавӣ Самеулҳақ, раиси собиқи Ҳизби ҷамъияти уламои Ислом мувофиқат кард.
Гузоришҳо ҳокист, пулис барои ба даст овардани ин ҳукм чандин рӯз дар талош буд, то саранҷом дастгоҳи қазоии Покистон алорағми мухолифати хонаводаи Самеулҳақ ин дастурро содир кард. Пулиси Покистон эълом кард, қатли Мавлоно Самеулҳақ танҳо ҷанбаи шахсӣ ва хонаводаӣ надорад ва бо таваҷҷуҳ ба абъоди густурдаи мавзӯъ бояд ба суръат онро ба натиҷа расонд. Ба ин тартиб боз кардани қабр ва колбадшикофии ҷасади Самеулҳақ дар рӯзҳои оянда анҷом хоҳад шуд.
То кунун бо баррасӣ ва таҳқиқи телефони ҳамроҳи Мавлавӣ Самеулҳақ пулис 3 мазнун ба мушорикат дар террорро дастгир кардааст. Ин дар ҳолест, ки алорағми гузашти ҳудуди 16 рӯз аз марги Самеулҳақ ҳеҷ фарзияи мушаххасе дар мавриди омил ё омилони террори вай вуҷуд надорад.
Самеулҳақ дувуми ноябр ба шакли машкук дар хонаи худ бо заработи корд ба қатл расид. Самеулҳақро падари Толибон медонанд, зеро ӯ дар мадориси динии худ ҳамвора аз гурӯҳҳои исломгаро ҳимоят мекард.