Ноябр 18, 2018 20:18 Asia/Dushanbe
  • Блумберг: Аврупо эътиборашро дар масъалаи таҳримҳои Эрон аз даст додааст

Вебгоҳи шабакаи хабарии Блумберг бо ишора ба нокомии кишварҳои Аврупоӣ дар роҳандозии механизми вижаи мубодилоти молӣ бо Эрон навишт, кишварҳои аврупоӣ эътиборашонро дар масъалаи таҳримҳои Эрон аз даст додаанд.

Блумберг дар таҳлиле бо ишора ба шикасти кишварҳои аврупоӣ дар бархурдор кардани Эрон аз манфиатҳои тавофуқи ҳастаӣ - БАРҶОМ навишта, ки Аврупо дар ҳоли аз даст додани эътибори худ дар масъалаи таҳримҳои Эрон аст.

Ба навиштаи Блумберг, сарони Иттиҳодияи Аврупо аз муддатҳо пеш хостори он шудаанд, ки ин иттиҳодия мустақилтар амал кунад ва нақши байналмилалиашро тақвият кунад, аммо шикасти онҳо дар пайдо кардани роҳе барои давр задани таҳримҳои Амрико зидди Эрон нишон медиҳад, ки онҳо то чӣ андоза бо ин ҳадаф фосила доранд.

Дар рӯзҳои гузашта расонаҳои мухталиф гузориш додаанд, кишварҳои аврупоӣ ҳанӯз натавонистаанд кишвареро, ки ҳозир ба мизбонӣ аз сохтори ҷадид бошад пайдо кунанд. Утриш, ба сароҳат дархостҳо барои мизбонии механизми вижаро рад кард ва талошҳои Олмон, Фаронса ва Англия бар Люксембург ҳам ҳеҷ натиҷае надодааст.

Блумберг навиштааст: Масъалаи бисёр осебзо ин аст, ки давлатҳои бузурги аврупоӣ ба ҷойи он ки худашон довталаби анҷоми ин кор шаванд, саъй мекунанд онро ба кишварҳои заифтари ҳамсояашон ҳавола кунанд. Ангезаашон равшан аст: Ҳар чӣ кишвари мавриди назар бештар бошад, хатари асабонӣ кардани Трамп бештар аст.