Ноябр 19, 2018 13:10 Asia/Dushanbe
  • Ҷашнҳои милоди Паёмбари Ислом дар Покистон

Ҳамасола бо оғози моҳи рабеулаввал мардуми Покистон, бавижа ақаллиятҳои динӣ худро барои баргузории ин ҷашнҳо омода мекунанд.

Ба гузориши ИРНА, бар асоси як суннати қадимӣ, чанд рӯз пеш аз оғоз милоди Паёмбари Ислом (с), ки  дувоздаҳуми рабеулаввал аст, шаҳрдориҳои шаҳрҳои Покистон ба тазйини хиёбонҳо, бозорҳо ва маконҳои умумӣ иқдом карда ва сипас бо истифода аз чароғҳои рангоранг гузаргоҳҳои умумиро чароғонӣ мекунанд.

Ба муносибати милоди босаодати Паёмбари гиромии Ислом (с) аъзои ҷомеаи масеҳиён, сикхҳо ва ҳиндуҳои Покистон дар шаҳрҳои Ровалпинди ва Исломобод эълом карданд, ин иди босаодатро ҳамроҳ бо мусалмонон ҷашн мегиранд. Раҳбарони ақаллиятҳои мазҳабӣ дар Исломобод ва Ровалпинди эълом карданд, аъзои ин ҷомеа низ дар ҷашни иди милоди муборак ҳамроҳи мусалмонон ҳузури пуршӯр доранд.

Мусалмонони Покистон ба нишонаи иттиҳоду ҳамбстагӣ аз дувоздаҳум то ҳабдаҳуми рабеулаввалро ба унвони Ҳафтаи ваҳдат ҷашн мегиранд.