Ноябр 20, 2018 20:11 Asia/Dushanbe

Мақомоти аврупоӣ дар садади истифода аз ҳама фурсатҳо барои ҳифзи БарҶОМ ҳастанд ва сафари ахири вазири умури хориҷии Бритониё барои музокира дар бораи эҷоди созукори молии Аврупо ба Теҳронро низ метавон дар ин замина арзёбӣ кард.

Мавзеи Иттиҳоди Аврупо дар қиболи БарҶОМ-ро наметавон ҳимояти қатъӣ ва муҳкам аз як тавофуқ дар чорчӯби қатъномаи Шӯрои амният арзёбӣ кард ва шояд дар хушбинонатарин нигоҳ битавон гуфт, ҳанӯз мавозеи тарафҳои аврупоӣ дар БарҶОМ бо тардидҳое ҳамроҳ аст.