Боздошти ҷаллоди машҳӯри ДИИШӣ дар Трабзони Туркия
Масъӯли эъдоми мухолифон ва ҳидояти террорҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Идлиби Сурия ба ҳамроҳи ҳамсараш дар шаҳри Трабзони Туркия дастгир шуд.
Рӯзномаи “Karar” чопи Туркия гузориш дод, маъмурони иттилоотии Туркия чанд рӯзи пеш, аз вурӯди фармондеҳи аршади ДИИШ ба Трабзон иттилоъ ёфта ва рӯзи сешанбе (20 ноябр) бо ҳамкории маъмурони зидди террори ин шаҳр, узви ёдшудаи ДИИШ ва ҳамсарашро дар маркази Трабзон дастгир карданд.
Туркия ба иллати марзи тӯлонии ҳазору 500 километрӣ бо Ироқ ва Сурия дар ҷанӯб, дар солҳои гузашта муҳиммтарин масири интиқоли авомили ДИИШ ба Ироқу Сурия будааст.
Бинали Йилдирим(Binali Yıldırım), нахуствазири вақти Туркия, феврали 2018 теъдоди афроди зиндонии ДИИШ дар ин кишварро 10 ҳазор нафар эълом кард.
Туркия бо эҳсоси хатар аз фаъолиятҳои террористии фроди ДИИШ ба хусӯс баъд аз фурӯпошии ин ташкилот дар Сурияу Ироқ ва фирорӣ шудани аъзои ин гурӯҳи террористӣ ба кишварҳои мухталиф, амалиёти густардаеро барои шиносоӣ ва боздошти диишиҳо дар дохили ин кишвар оғоз кардааст.