Ноябр 21, 2018 18:54 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Могерени бар ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Осиёи Марказӣ

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо аз тасмими ин иттиҳодия барои тақвияти ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Федерика Могерени, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар нишасте, аз тасмими ин иттиҳодия барои тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дод.

Федерика Могерени дар остонаи нишасти вазирони умури хориҷаи Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ, 23 ноябр дар Брюссел баргузор мешавад, афзуд, тақвияти ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ ва роҳбурди ҷадиди иттиҳоди Аврупо дар қиболи ин минтақа, аз муҳиммтарин мавзӯоти ин нишаст хоҳад буд.

Вай афзуд, Брюссел соли оянда роҳбурди ҷадиди Иттиҳоди Аврупоро дар қиболи Осиёи Марказӣ эълом хоҳад кард.

Могерени гуфт, дар ин роҳбурд ба ҳамаи мавзӯоти марбут ба ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ва ҳамчунин мушорикати фаромиллӣ дар заминаи об ва энержӣ ва афзоиши амният дар минтақа ва фаротар аз он таваҷҷуҳ шудааст.

Вай афзуд, Иттиҳоди Аврупо бо азми комил ба талошҳои худ барои тақвияти ҳамкорӣ бар асоси усули дуҷониба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ идома хоҳад дод.