Ноябр 22, 2018 14:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Трамп аз одамкушҳо дар сояи тавҳин ба миллати Эрон

Вазири умури хориҷии Эрон дар вокуниш ба тавҳини муҷаддади раисҷумҳури Амрико ба миллати Эрон таъкид кард, тундравиҳои Амрико барои "нобуд кардани миллати Эрон"  ҳеҷ гоҳ таъбир нахоҳад шуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи чаҳоршанбе дар “Твиттер” навишт, номидани мукаррари Эрон ба унвони "миллати титеррорист" ифшогари хусумат бо ҳама мардум аст ва далели воқеӣ ҳадаф гирифтани ин мардум тавассути таҳримҳои ғайриқонунии Амрико мебошад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе дар баёнияе дар бораи қатли Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ бо радди дахолати шоҳ ва валиаҳди Арабистон дар қатли ин рӯзноманигор Эронро ба бесуботӣ дар минтақа муттаҳам ва бори дигар ба миллати Эрон тавҳин кард. Трамп муддаӣ шуд, агар нигоҳе ба Эрон дошта бошед, мутаваҷҷеҳ мешавед, онон дар ҳоли ҳозир як "миллати террорист" ҳастанд. Пеш аз ин ҳам раисҷумҳури Амрико дар чорчӯби лоиҳаи эронҳаросӣ ва эронситезӣ ва ҳангоме ки аз БарҶОМ хориҷ шуд, ба миллати Эрон тавҳин кард. Ин рӯйкарди Амрико собит мекунад, он чӣ ин кишвар дар ҳимоят аз миллати Эрон мегӯяд, бо воқеият ҳамхонӣ надорад ва нишондиҳандаи хусумати Амрико бо миллати мустақили Эрон аст. Таҳримҳои Амрико зидди Эрон ҳам нишон аз ҳамин рӯйкарди давлати кунунии Амрико дорад. Душмании давлатҳои мухталиф дар Амрико ва давлати мустақари кунунӣ, яъне давлати Трамп дар ин нукта нуҳуфтааст, ки миллати Эрон миллати озода ва дорои ҳувияти мустақил аст ва ҳаргиз таҳти таъсири ҳаёҳӯи дигарон қарор намегирад. Миллати Эрон дар ҳамроҳӣ бо низоми ҷумҳурии исломӣ дар 40 соли гузашта ҳама тавтеаҳои душманон, аз ҷумла Амрикоро хунсо кардааст ва ҳамроҳии миллати Эрон бо низоми ҷумҳурии исломӣ беш аз пеш давлатмардони Амрикоро хашмгин кардааст.

Доналд Трамп дар ҳоле дар сояи ҳимоят аз одамкушҳо миллати Эронро террорист хитоб мекунад, ки ин миллат дар 40 соли гузашта қурбонии терроризм буда; терроризме, ки маншаи фикрӣ ва молии он ваҳҳобияти Саудӣ аст. Дар ҳамин замина Анна Ескамани, намояндаи Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба баёнияи зиддиэронии Доналд Трамп ба шабакаи телевизионии амрикоии CNN гуфт, агар ба пешинаи таърихии кишвари Арабистон ва иқдомҳои террористие, ки дар Амрико иттифоқ афтода, бингаред, ба соддагӣ метавон дарёфт, кадом кишвар бештарин иқдоми террористиро дар Амрико доман задааст.

Трамп беш аз ин ки сиёсатмдор бошад, тоҷирпеша аст ва аз таърихи миллати Эрон беиттилоъ аст ва сирфан ба сабаби ин ки долларҳои нафтии Саудиро равонаи Амрико кунад, дар шиносои омилони аслии хушунат дар минтақа ва тарвиҷдиҳандаи терроризм дар ҷаҳон нишони ғалат медиҳад. Дар ҳамин чорчӯб Анна Ескамани дар вокуниш ба баёнияи зиддиэронии Трамп изҳор кард: “Суханони Трамп маро ба шиддат хашмгин кард, раисҷумҳури Амрико борҳо ва борҳо дар нисбат додани иқдомҳои хушунатомез ба омилони аслии хушунат бо нокомӣ ва шикаст рӯ ба рӯ шудааст”.

Трамп дар ҳоле пас аз қатли Ҷамол Хошуқҷи сиёсати хориҷии Амрикоро дар ҳимоят аз кишвари маншаи терроризм дар ҷаҳон ва одамкушҳои Саудӣ ба ҳароҷ гузаштааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин сиёсатро тоб намеоварад. Имрӯз саудиҳо дар сояи сиёсати эронҳаросии Трамп ба куштор дар Яман ва дигар манотиқи ҷаҳон идома медиҳанд ва қатли рӯзноманигори Саудӣ дар консулгарии Арабистон дар Истанбул ҳам нишонаи терроризми давлатии Оли Салмон аст; ин воқеият бо сарзаниши кишвари дигаре пок шуданӣ нест.

Карл Билдт, нахуствазири пешини Шветсия рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба баёнияи Доналд Трамп, раисҷмҳури Амрико дар бораи қатли Ҷамол Хошуқҷи навишт, агар шумо аз Амрико силоҳ бихаред ва алайҳи Эрон бошед, ҳар қадаре мехоҳед, метавонед одам бикушед ва саркӯб кунед.

Бахше аз сиёсати хориҷии Арабистон будан ба манзилаи ҳимоят аз терроризм ва куштори мардуми бегуноҳ, бавижа кӯдакони яманӣ аст ва ин нишон аз ҳамкории террористии Амрико бо Арабистон дорад.

 

Барчасп