Марги гардишгар- мубаллиғи амрикоӣ бо тиру камони бумиёни ҳиндӣ
Манобеи хабарӣ аз кушта шудани як ҷавони гардишгар ва мубаллиғи мазҳабии амрикоӣ ба зарби тирҳои бумиёни ҷазираӣ дар Уқёнуси Ҳинд хабар доданд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи телевизиони “Франс 24”, John Allen Chau, гардишгари 27 солаи амрикоӣ, ки ба ҷазираи Sentinel рафта буд, ҳадафи бороне аз тирҳои бумиёни ин минтақа, қарор гирифт.
Сокинони ин ҷазира, ки ҷамъияташон 150 нафар тахмин зада мешавад бо дунёи хориҷ тамосе надоранд ва ба ҳар шахс ва василае, ки қасди наздик шудан ба ҳарими хусусиашонро дошта бошад, бедиранг ҳамла мекунанд.
Моҳигироне, ки ин гардишгари амрикоиро то наздикии ҷазира ҳамроҳӣ карда буданд, шаҳодат доданд, ки чигуна бумиён бо тиру камон ва сарнайза ба сӯи ӯ ҳамла карданд ва дар ҳоле, ки ҳанӯз ҷон дар бадан дошт, бо андохтани танобе бар гарданаш, ӯро кашон-кашон бо худ бурданд.
Ҷасади ин гардишгар рӯзи баъд дар соҳил раҳо шуда буд.
Пулиси Ҳинд бо ташкили парвандаи қатл, ҳафт моҳигирро, ки гардишгари амрикоиро дар сафар ба ин ҷазира ҳамроҳӣ карда буданд, боздошт кард.
Пойгоҳи хабарии рӯзномаи англисии Гордиан бо интишори ёддоштҳои ин ҷавони амрикоӣ, ки дафтарчаи ёддошти худро ба моҳигирони ҳиндӣ супурда буд, навиштааст, ӯ қасд дошта ҳазрати Исо (а)-ро ба бумиёни Sentinel муаррифӣ кунад.
Ҷазираи Sentinel яке аз ҷазоири Андаман аст, ки дар дарёе ба ҳамин ном дар наздикии Халиҷи Бангол (Уқёнуси Ҳинд), қарор гирифтааст.
Донистаҳо дар бораи сокинони ин ҷазира Sentinel (нигаҳбон) бисёр андак ва ноқис аст, аммо гуфта мешавад, ки онон аз даҳҳо ҳазор сол қабл дар ҳамин маҳал сокин будаанд.