Нигаронии Эрон, Урупо ва уламои Баҳрайн аз сиёсати Оли Халифа
(last modified Wed, 20 Jul 2016 11:16:12 GMT )
Июл 20, 2016 16:16 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Эрон, Урупо ва уламои Баҳрайн аз сиёсати Оли Халифа

Режими Оли Халифа ҳамчунон тазоҳуроти мусолиматомези мардуми инқилобии Баҳрайнро ба бадтарин навъи мумкин саркӯб мекунад ва ҳеҷ садои мухолифро ба назар намегирад.

Тазоҳуроти мардуми Баҳрайн дар эътироз ба лағви шаҳрвандии Шайх Исо Қосим, падари маънавии инқилоби мардумии ин кишвар дар шаҳрҳои мухталиф, аз ҷумла дар минтақаи ад-Дироз, зодгоҳу маҳалли сукунати Шайх Исо Қосим идома дорад. Тазоҳуротгарони Баҳрайн шаби сешанбе низ дар баробари манзили Шайх Исо Қосим таҷаммӯъ карданд ва овезаҳое дар даст доштанд, ки дар онҳо навишта шуда буд: " Эй аҳли олам, оё мунтазири ҷинояти Оли Халифа дар Баҳрайн ҳастед?". Нерӯҳои Оли Халифа ба таҷаммӯи мардуми Баҳрайн юриш бурданд ва эълом шудааст, низомиёни режими Оли Халифа ба манзили Шайх Исо Қосим ҳам таарруз кардаанд.

Шайх Исо Қосим нақши муҳиме дар тадовуми инқилоби мардумии Баҳрайн дорад ва ба ҳамин сабаб режими Оли Халифа шаҳрвандии ӯро бекор кардааст. Ташдиди  саркӯб кардани инқилоби мардумии Баҳрайн абъоди чандҷониба дорад ва илова ба бархӯрд бо таъсиргузории шахсиятҳо дар инқилоби ин кишвар ҷамъиятҳои сиёсӣ ҳам ҳадафи ҳамлаи Оли Халифа қарор гирифтаанд.

Додгоҳи Баҳрайн якшанбеи гузашта ҳукми барҳам додани Ҷамъияти исломии "ал-Вифоқ"-и миллии Баҳрайнро содир карда, амволи ин ҷамъият ҳам ба нафъи режими ин кишвар мусодира шудааст. Ҷамъияти "ал-Вифоқ" муҳимтарин гурӯҳи мухолифи режими Оли Халифа маҳсуб мешавад.

Ҳамзамон бо ташдиди саркӯбии мардуми Баҳрайн ва ҳамла ба манзили Шайх Исо Қосим бархе кишварҳо ва созмонҳои ҳуқуқи башар ибрози нигаронӣ карданд. Дар ҳамин чорчӯб вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз вазъияти кунунии Баҳрайн ибрози нигаронӣ кард. Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи сешанбе дар сафҳаи шахсии худ дар "Твиттер" ба ҳамлаи нерӯҳои амниятии Баҳрайн ба манзили Шайх Исо Қосим вокуниш нишон дода таъкид кард, таҳарруки кишварҳо ва ҷомеаи байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз вуқӯи фоҷеаи дигаре дар минтақа зарур аст. Ҳамчунин Шӯрои уламои Баҳрайн зимни ҳамбастагӣ бо уламои барҷастаи ин кишвар эълом кард, мавҷудияти шиаёни Баҳрайн дар маърази таҳдид қарор гирифтааст. Ба гузориши шабакаи телевизионии "ал-Олам", беш аз 120 нафар аз уламо ва рӯҳониёни баҳрайнӣ ба намояндагӣ аз шиаёни ин кишвар тайи баёнияе эълом кардаанд, ҳастии шиаёни Баҳрайн ба василаи низоми ҳоким ҳадаф қарор гирифтааст. Рӯҳониёну уламои Баҳрайн, дар садри онҳо Сайидмаҷиди Машъал, раиси Шӯрои уламои Баҳрайн эълом карданд, шиаён бахше аз аҷзои аслию асосӣ ва асили ин кишвар ҳастанд. Сайидмаҷиди Машъал, раиси Шӯрои уламои Баҳрайн таъкид кард, ҳадаф қарор додани шиаён дар Баҳрайн ҷуз эъломи ҷанг бо ин гурӯҳи мазҳабӣ дар кишвар чизи дигаре нест.

Иттиҳоди Урупо ҳам рӯз сешанбе бо судури баёнияе дар бораи таҳаввулоти ҷории Баҳрайн, аз ҷумла саркӯб кардани озодии баён дар ин кишвар эълом кард, ҳукми як додгоҳ дар Баҳрайн барои барҳам додани Ҷамъияти "ал-Вифоқ" ва тавқифи амволи он дар  чорчӯби охирин таҳаввулот дар ин кишвар нигаронкунанда аст ва Иттиҳоди Урупо интизор дорад, ки ин ҳукм ботил мешавад. Бар асоси ин баёния, Иттиҳоди Урупо муътақид аст, суботу амнияти Баҳрайн фақат аз роҳи ислоҳоту ҳаллу фасли ихтилофот бо равиши ҷомеъ таъмин мешавад ва ҳукми содиршуда дар бораи Ҷамъияти "ал-Вифоқ", боздошти Набил Раҷаб, раиси Маркази ҳуқуқи башари Баҳрайн ва лағви шаҳрвандии Шайх Исо Қосим бар хилофи ин мавзӯъ буда, сабаби ихтилофу шикофи бештар дар ҷомеаи Баҳрайн мешаванд. Иттиҳоди Урупо ҳамчунин эълом кард, мушорикати ҳамаи шаҳрвандони Баҳрайн дар умури сиёсӣ омили калидӣ дар барқарорсозии субот дар ин кишвар аст.