Бомбаборони 105-дақиқаии як шаҳр дар Эрон бо кумаки саудиҳо (видео)
(last modified Mon, 26 Nov 2018 05:46:26 GMT )
Ноябр 26, 2018 10:46 Asia/Dushanbe

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон шаби гузашта дар паёме дар "Твиттер" навишт, 25-уми ноябр ҷангандаҳои ироқӣ 105 дақиқа як шаҳри Эронро бомбаборон карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Муҳаммадҷаводи Зариф дар твите навишт, дар соли 1986 дар чунин рӯзе (25 ноябр) ҳавопаймоҳои Ироқ, ки бо кумаки ҳафтоду панҷмиллиарддолларии Арабистон дар ихтиёри Саддом қарор дода шуда буданд, ба муддати 105 дақиқа шаҳри Андимишкро дар Эрон бомбаборон карданд. Ба гуфтаи Зариф, ин тӯлонитарин ҳамлаи ҳавоӣ аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум буд ва ба куштаву захмӣ шудани беш аз ҳазор ғайринизомӣ мунҷар шуд. Вазири умури хориҷии Эрон таъкид кардааст, ин худ як далели эҳсоси ҳамдардии мо бо ғайринизомиёни яманӣ аст, ки ҳадафи ҳамлаи эътилофи Саудӣ қарор мегиранд.

25-уми ноябри соли 1986, чаҳоруми озари соли 1365 дар ҳамлаи артиши Саддом ба шаҳри Андимишк, ҷанубу ғарби Эрон 54 ҷангандаи Ироқ як соату 45 дақиқа паёпай ин шаҳрро бомбаборон карданд, ки ба муқовимати мардуми ин шаҳр рӯ ба рӯ шуд.