Ноябр 26, 2018 18:26 Asia/Dushanbe
  • Лубнон ҳадияи низомии Русияро рад кард

Як рӯзномаи лубнонӣ эълом кард, ин кишвар ҳадияи низомии Русияро ба баҳонаҳои фаннӣ рад кардааст.

Рӯзномаи Ал Ахбори Лубнон гузориш дод, пас аз чанд моҳ имрӯзу фардо кардан, саранҷом Бейрут ҳадияи низомии Русияро бино ба далоиле, ки дар зоҳири фаннӣ аст, аммо дар ботин сиёсӣ аст, рад кард.

Ал Ахбор менависад, Лубнон чанд рӯз қабл аз иди истиқлоли худ ҳадияи Русияро, ки шомили муҳиммот, маводи мунфаҷира ва миллионҳо гулӯла барои аслиҳаҳои мухталиф буд ва баҳои он ба панҷ миллион доллар мерасид, ба баҳонаи ин ки гулӯлаҳои пешкашӣ бо силоҳҳое, ки артиши Лубнон дар ихтиёр дорад, мутаносиб нест рад кард, аммо ин дар ҳоле аст, ки артиши Лубнон даҳҳо ҳазор туфанги Калашников ва тирбори русии “PKS” дар ихтиёр дорад ва бино бар ин, он ба гулӯлаҳои онҳо низ ниёз дорад.

Ин рӯзномаи лубнонӣ тасмими Русия барои тақдими ҳадия ба артиши Лубнонро на як тасмими сирфан русӣ, балки посухе ба дархости тарафи лубнонӣ аз Русия дар сафари соли гузаштаи Яъқуб ал Сароф, вазири дифои Лубнон ба Маскав донист.

Бар асоси ин гузориш, дар соли 2008 низ Русия тасмим ба тақдими ҳадияи низомӣ ба артиши Лубнон гирифт, ки шомили ҷангандаҳои Миг 29, тонкҳои Т-72 ва хумпорҳандози 130 милиметрӣ ва 50 ҳазор гулӯла барои тонк ва хумпораандоз буд, аммо Лубнон дар замони раёсатиҷумҳури Мишел Сулаймон, ҳадияи мазкурро боз ҳам ба баҳонаҳои фаннӣ рад кард.

Асноди “Wikileaks” баъдҳо раддипои Амрикоро дар тасмими Лубнон ошкор кард.

Рӯзномаи лубнонии Ал Ахбор авоили сентябр гузашта низ ба нақл аз манобеи огоҳ фош карда буд, ки мақомоти амрикоӣ ба Лубнон барои радди кумакҳои низомии Русия фишор меоваранд, то бартарии низомии режими саҳюнистӣ дар минтақа осеб набинад.