Интиқоди Эрдуғон аз муттаҳам кардани мусулмонон ба терроризм
https://parstoday.ir/tg/news/world-i39759
Раисиҷумҳури Туркия аз раҳбарони бархе кишварҳо ба иллати талош барои бадном кардани Ислом ва рабт додани терроризм ба мусулмонон интиқод кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 26, 2018 19:39 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Эрдуғон аз муттаҳам кардани мусулмонон ба терроризм

Раисиҷумҳури Туркия аз раҳбарони бархе кишварҳо ба иллати талош барои бадном кардани Ислом ва рабт додани терроризм ба мусулмонон интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории Анатоли, Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи душанбе гуфт, терроризм дар ҳамаи ҷаҳон вуҷуд дорад бино бар ин тӯҳмат задан ба мусулмонон дар ин замина, яке аз чолишҳои аслӣ дар мубориза бо терроризм аст.

Раисиҷумҳури Туркия кишварҳои ҷаҳонро ба мавзеъгирии усулӣ ва натиҷабахш дар мубориза бо терроризм даъват кард ва афзуд, истифодаи касоне, ки ошкоро ё пушти парда аз гурӯҳҳои террористӣ ҳимоят мекунанд аз вожаи терроризми исломӣ, тааҷҷубовар аст.

Эрдуғон дар бораи мавзеи расонаҳои ғарбӣ дар қиболи эътирозоти хушунатомези ахири дар Порис ҳам гуфт, ин расонаҳо дар ҳоле воқеаҳои Порки Гази Истамбул дар майи 2013-ро бузург ҷилва доданд, ки имрӯз бо дар пеш гирифтани сиёсати дугона дар баробари иттифоқоте, ки дар Порис рух медиҳад сукут кардаанд, то ба чеҳраи давлатмардони фаронсавӣ осебе ворид нашавад, аммо дунё назорагари ин иттифоқот аст.