Пулиси Туркия ҳамчунон дар пайи ёфтани асаре аз ҷасади Хошуқҷӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i39760-Пулиси_Туркия_ҳамчунон_дар_пайи_ёфтани_асаре_аз_ҷасади_Хошуқҷӣ
Пулиси Туркия барои ёфтани ҳар гуна асаре аз ҷасади рӯзноманигори мунтақиди саудӣ, манзиле дар Ялова (Yalova)-ро бори дигар бозрасӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 26, 2018 16:58 Asia/Dushanbe
  • Пулиси Туркия ҳамчунон дар пайи ёфтани асаре аз ҷасади Хошуқҷӣ

Пулиси Туркия барои ёфтани ҳар гуна асаре аз ҷасади рӯзноманигори мунтақиди саудӣ, манзиле дар Ялова (Yalova)-ро бори дигар бозрасӣ кард.

Ба гузориши расонаҳои Туркия, нирӯҳои пулиси ин кишвар рӯзи душанбе дар идомаи таҳқиқоти парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ, як хонаро дар устони Яловаро дубора бозрасӣ карданд.

Нирӯҳои пулиси Туркия дар амалиёти зарбатӣ дар устони Ялова, ба ин манзили муҷаллал ҳуҷум оварданд ва барои ёфтани асаре аз ҷасади Хошуқҷӣ шурӯъ ба бозрасӣ аз он карданд.

Гурӯҳи таҳқиқотии Туркия баъд аз дарёфтани ин масъала, ки яке аз аъзои гурӯҳи террори Хошуқҷӣ дар рӯзи қатли вай аз консулгарӣ бо соҳиби ин мангзил тамоси телефонӣ барқарор карда буд, тасмим ба тафтиши он гирифт.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳудуди як моҳ қабл низ нирӯҳои амниятии Туркия аз ин манзил бозрасӣ карда буданд, аммо ин бор дар боғ ва мазрааи(киштзор) он ҳаффорӣ(ковиш, кандан) карда ва намунаҳои хок ҷамъоварӣ карданд.

Нирӯҳои Туркия ҳамчунин ҷустуҷӯ дар ҷангли Белградро такрор карданд, то шояд сарнахе дар бораи ончӣ бар сари Хошуқҷӣ омадааст биёбанд.