Ноябр 28, 2018 16:04 Asia/Dushanbe
  • Идомаи талошҳо дар Аврупо барои ҳифзи БарҶом

Тавофуқи ҳастаии БарҶом, ки дар июли 2015 байни Эрон ва гурӯҳи 5+1 ҳосил шуд, тавофуқи бисёр муҳим дар заминаи ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Аммо хуруҷи Амрико аз БарҶом дар майи соли 2018 таҳаввуле манфӣ дар ин замина буда ва дар вокуниш ба ин иқдом дигар аъзои БарҶом дар чорчӯби гурӯҳи 4+ 1 бар судмандии БарҶом ва зарурати ҳифзи он бо рӯйи даст гирифтани тадобири амалӣ ва муассир ба манзури идомаи пойбандии Эрон ба БарҶом таъкид кардаанд.

Дар ин росто, аъзои БарҶом бори дигар пойбандии худ ба ин тавофуқро эълом кардаанд. Дафтари Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо пас аз дидори вай бо Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон, дар баёнияе эълом кард, ҳар ду тараф азми худро барои ҳифзи БарҶом ба унвони яке аз сутунҳои амнияти минтақа ва Аврупо ва низ бо ҳадафи эҳтиром ба тавофуқҳои байналмилалӣ иброз доштанд.

Ин баёния дар воқеъ нишонгари рӯйкарди куллии Иттиҳоди Аврупо ва аъзои ғарбии БарҶом, яъне Олмон, Фаронса ва Британия ба БарҶом аст. Аз дидгоҳи Итиҳоди Аврупо барҳам хурдани БарҶом ва лағв ин тавофуқ, таъсироти манфии зиёде барои сулҳ ва амнияти байналмилалӣ дорад ва дар айни ҳол эътибори дипломатияи Аврупоро ба шиддат зери суол хоҳад бурд. Ин мулоҳизот боис шуда то мақомоти аршади Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Могерини ва бархе сарони аврупоӣ хоҳони ҳифзи БарҶом бо таваҷҷуҳ ба короии он шаванд. Аз ҳамин рӯ, бо вуҷуди таҳдидот ва ҷанги равонии Вашингтон, Брюссел бар идомаи иқдомоти худ дар ростои ҳифзи БарҶом таъкид кардааст.

Ба гуфтаи Мигэл Ариес Канете, комиссари энержии Иттиҳоди Аврупо, ҳифзи БарҶом дар ҳукми эҳтиром ба тавофуқҳои байналмилалӣ ва дар иртибот бо амнияти байналмилалӣ аст. Аврупоиҳо бар хилофи Амрико, ки иддао мекунад Эрон ба муҳтавои БарҶом амал накарда ва БарҶомро як тавофуқи коро ва муассир барои контроли фаъолиятҳои ҳастаии Эрон намедонанд, муътақиданд, ки на фақат Эрон ба ҳамаи тааҳҳудоти худ дар чорчӯби тавофуқи ҳастаии БарҶом амал карда, балки БарҶом дар дастёбӣ ба аҳдофи худ, яъне ҷилавгирӣ аз бурузи таниш ва муноқиша дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ низ муваффақ амал кардааст.

Дар воқеъ, аз нигоҳи Иттиҳоди Аврупо, БарҶом намунае аз як тавофуқи чандҷониба аст, ки метавонад ба унвони улгу ва моделе барои ҳаллу фасли дигар муноқишоти байналмилалӣ низ ба кор равад.

Ба ҳамин далел, Иттиҳоди Аврупо ба дунболи тасмимгирӣ ва иҷрои тадобире монанди амалӣ кардани муҷаддади қонуни масдудсозӣ ва низ эҷоди созукори молии вижаи мавсум ба SPV барои идомаи таомулоти моливу тиҷорӣ ва энержӣ бо Эрон рафтааст.

Бо ин ҳол, бо вуҷуди иҷрои даври дувуми таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон дар 5 –уми ноябри соли 2018, аммо ҳанӯз созукори SPV аз ҷониби аврупоиҳо иҷро нашудааст. Ҳамин масъала ҳушдори шадиди Теҳронро ба дунбол доштааст. Ба гуфтаи Алиакбари Солеҳӣ: “Сабри мардуми Эрон ба тадриҷ рӯ ба итмом буда ва муддати зиёде аз бозаи чандмоҳаи пешбинишуда барои иқдоми Аврупо дар иртибот бо мавзӯи БарҶом боқӣ намондааст”.

Аммо дар канори аъзои ғарбии БарҶом, аъзои шарқии он, ба вижа Русия низ таъкиди зиёде бар зарурати иҷрои БарҶом ва амалӣ шудани ваъдаҳо дар ин замина доранд. Дар ин замина Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар дидор бо Жан –Ив Ле Дриан, вазири умури хориҷаи Фаронса бо ишора ба мавозеи яксони Русия ва Фаронса дар бораи тавофуқи ҳастаии БарҶом, бар лузуми пойбандии ҳамаи имзокунандагони БарҶом ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон таъкид кард.

Аз дидгоҳи Русия бояд ҳар чӣ зудтар тадобири мадди назар барои идомаи пойбандии Эрон ба БарҶом амалӣ шаванд. Ба гуфтаи Лавров, ҳамаи аъзои боқимонда дар БарҶом бояд тадобире пеш гиранд, ки ин тавофуқ ба далели хуруҷи якҷонибаи Амрико ва таҳдиди ин кишвар алайҳи кишварҳои хоҳони идомаи ҳамкорӣ бо Эрон аз байн наравад.

Ба ин тартиб, ба назар мерасад азм ва иҷмои байналмилалӣ, ба вижа байни аъзои гурӯҳи 4+1 барои ҳифзи БарҶом вуҷуд дорад ва ин хабаре бад барои давлати Трамп аст, ки муддаӣ аст, бо эъмоли таҳримҳо ва афзоиши фишорҳо ба Эрон дар садади таслими Теҳрон ба хостаҳои ғайриқонунии Вашингтон аст.

 

 

Барчасп