Ноябр 29, 2018 16:46 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз силоҳи ҷадиди зердарёии Покистон

Раисиҷумҳури Покистон дар намоишгоҳи иддеаҳои дифоии Покистон дар шаҳри Карочӣ, силоҳи зидди зердарёии тавсеа ёфтаи ин кишвар ба номи “Depth Charge Mark-Iimod3”-ро рӯнамоӣ кард.

Ба гузориши торномаи хабарии рӯзномаи “The Nation”-и Покистон, сарлашкар Содиқ Ғафур, раиси Корхонаи муҳиммотсозии Покистон (POF) дар тавзеҳи тавонмандиҳои силоҳи ёд шуда гуфт, ин силоҳ аз як василаи дар ҳолати ҳаракат ва дар фосилаи 50 то 250 метрӣ метавонад, аҳдофи душманро бо диққати боло ҳадаф қарор диҳад.

Ин силоҳ, ки 97 сантиметр тул ва 135 кило вазн дорад, метавонад зердрёиҳои душманро то умқи 70 фут ҳадаф қарор диҳад.

Дар ҳошияи баргузории ин намоишгоҳ генерал Забир Маҳмуд Ҳаёт, раиси Ситоди муштараки артиши Покистон аз силоҳи ҷадиди дигар ба номи системаи минаи зидди тонк низ рӯнамоӣ кард.

Даҳумин намоишгоҳи байналмилалии иддеаҳои дифоии Покистон бо номи (IDEAS 2018) сешанбе (27 ноябр) бо ҳузури 52 кишвари ҷаҳон дар маркази намоишгоҳҳои байналмилалии шаҳри бандарии Карочӣ, кори худро оғоз кард.