Ноябр 29, 2018 19:49 Asia/Dushanbe
  • Такзиби музокироти маҳрамонаи Судон бо режими саҳюнистӣ

Давлати Судон музокироти маҳрамона бо мақомоти амниятии режими саҳюнистӣ дар Туркияро такзиб кард.

Ба гузориши хабаргузории Анатоли, вазорати иттилооти Судон рӯзи чаҳоршанбе хабарҳо дар бораи музокираи сиррӣ бо мақомоти исроилиро дар Истамбули Туркия, сохтагӣ ва беасос эълом кард.

Ин вазоратхона таъкид кард, Судон ихтилофоти амиқи идеологӣ, сиёсӣ ва мазҳабӣ бо Исроил дорад ва дар шароити кунунӣ, ҳеҷ гуна гуфтугӯе миёни дутараф анҷом нахоҳад шуд.

Хабарҳо дар бораи музокираи мақомоти режими саҳюнистӣ ва Судон пас аз он мунташир шуд, ки Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Тел Авив бо Идрис Деби, раисиҷумҳури Чад дидору гуфтугӯ кард.

Пас аз он, як шабакаи телевизиони режими саҳюнистӣ муддаӣ шуд, ки раисиҷумҳури Чад бо сафар ба Тел Авив ба думболи заминасозӣ барои оддисозии равобити Исроил бо кишварҳои Судон, Нигерия ва Молӣ аст. Талошҳо ва гумоназаниҳо дар бораи оддисозии равобити кишварҳои исломӣ бо режими саҳюнистӣ, ҳамвора бо вокуниши шадиди афкори умумӣ ва расонаҳо ва сиёсатмадорони мустақил дар ин кишварҳо мувоҷеҳ шудааст.