Ноябр 30, 2018 19:11 Asia/Dushanbe
  • Арзёбии сенаторҳои рус аз лағви дидори Трамп ва Путин

Сенаторҳои рус иқдоми раиси ҷумҳурии Амрико ба лағви дидор бо раиси ҷумҳурии Русияро дар ҳошияи иҷлоси «Гурӯҳи 20» ба зиёни Вашингтон донистанд.

Ба гузориши рӯзномаи Известия, Константин Косачев раиси Кумитаи умури байналмилалии Шӯрои федератсияи Русия (сенат) гуфт: Раиси ҷумҳурии Амрико бо лағви дидор бо ҳамтои руси худ Владимир Путин дар ҳошияи нишасти сарони «Гурӯҳи 20» дар Аргентина, иштибоҳи бузурге муртакиб шудааст.

Ин сенатори рус афзуд: Трамп бо ин иқдом хостааст то ҳимояти худро аз Украина нишон диҳад, вале ҳеч роҳе барои беҳбуди раовбит боқӣ нагузоштааст.

Владимир Ҷабборов ноиби раиси кумитаи умури байналмилали Шӯрои федератсияи Русия Русия низ гуфт: Лағви дидори Трамп бо Путин таъсире бар мавзеи Русия дар бораи тавқифи киштиҳои украинӣ нахоҳад гузошт ва ба таври куллӣ истифода аз чунин таҳдидоте бефоида ҳастанд.

Алексей Пушков сенатори баландпояи рус низ дар сафҳаи Твиттери худ навишт, ин иқдом собит кард, ки Амрико тамоюле барои гуфтугӯи ҷиддӣ бо Русия надорад.

Мақомоти Русия ва Амрико, пештар аз дидори Путин ва Трамп дар ҳошияи иҷлоси «Гурӯҳи 20» дар Буэнос-Айрес пойтахти Аргентина хабар дода буданд.

Трамп, пас аз ҳодисаи Баҳри Азов ва иқдоми Русия ба тавқиф киштиҳои Украина аз лағви ин дидор хабар дод.