Ноябр 30, 2018 20:12 Asia/Dushanbe
  • Даргирии хунин байни ду гурӯҳ аз Толибони Афғонистон

Даргирии байни афроди Толибон вобаста ба Мулло Ҳибатуллоҳ ва Мулло Расул дар вилояти Ҳирот дар ғарби Афғонистон чандин кушта бар ҷой гузошт.

Ба гузориши хабаргузории Ово, мақомоти маҳаллии Ҳирот эълом карданд, дар даргирии рӯзи панҷшанбе миёни неруҳои Мулло Самад вобаста ба Мулло Ҳиббатуллоҳ ва Мулло Расул дар шаҳристони Шинданди ин вилоят, 17 нафар аз афроди Мулло Самад кушта ва ҳашт нафари дигар захмӣ шуданд.

Дар ин даргирӣ 11 нафар аз афроди вобаста ба Мулло Расул низ кушта ва 9 тани дигарашон захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи Ҷилонӣ Фарҳод сухангӯи волии Ҳирот неруҳои давлатӣ ба ҳадафи саркӯби ҳаросафканон ва берун кардани Толибон ба минтақаи даргирӣ эъзом шуданд, ки дар даргирӣ, фармондеҳи амалиёти раёсати амнияти милли Ҳирот низ ҷон бохт.

Пештар низ чандин бор афроди вобаста ба Мулло Ҳибатуллоҳ ва Мулло Муҳаммадрасул дар Шинданди Ҳирот дар муқобили ҳам сафороӣ карда ва ба ҷанг пардохтаанд, ки дар натиҷа садҳо тан аз ду тараф кушта ва захмӣ шуданд.