Нигаронии парлумони Афғонистон аз дасткорӣ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ
Шуморе аз аъзои парлумони Афғонистон аз муҳандисӣ ва дасткорӣ шудани интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ибрози нигаронӣ карданд.
Ба гузориши хабаргузории Тасним, пас аз эъломи тақвими интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз ҷониби комиссияи интихоботии ин кишвар, шуморе аз намояндагони парлумон дар бораи шаффофияти интихоботи оянда ва талошҳо барои мудирият ва муҳандисии он ибрози нигаронӣ карданд.
Муҳаммадҳасани Шарифи Балхобӣ аз аъзои парлумони Афғонистон таъкид кард, комиссияҳои интихоботии ин кишвар мустақил нестанд ва давлат ва афроди қудратманд дар раванди интихоботи риёсати ҷумҳурӣ мудохила мекунанд.
Вай афзуд: Пас аз интихоботи соли 2014 тарзи баргузории интихоботи ахири парлумонӣ низ ба эътимоди мардум ба ин раванди демократӣ латма зад ва комиссияҳои интихоботӣ низ бори дигар заъфи мудириятии худро нишон доданд.
Шукрия Пайкон дигар намояндаи парлумони Афғонистон низ гуфт: Ҳамон тавр, ки комиссияи интихобот қодир ба мудирияти интихоботи парлумонӣ набуд, ҳеҷ итминоне вуҷуд надорад, ки ин комиссияи интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ояндаро низ ба дурустӣ баргузор кунад.
Интихоботи парлумонии Афғонистон бистуми октябр баргузор шуд, аммо комиссияи интихобот то кунун натавониста натоиҷи аввалияи тамоми вилоятҳои Афғонистонро эълом кунад.