Декабр 01, 2018 13:13 Asia/Dushanbe
  • Путин: БарҶом бояд ҳифз шавад

Раисҷумҳури Русия ҷумъашаб бори дигар бар аҳамияти Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БарҶом) таъкид кард ва хостори ҳифзи ин тавофуқи байналмилалӣ шуд.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин дар ҳошияи иҷлоси сарони гурӯҳи 20 дар Буэнос-Айрес, пойтахти Аргентина изҳор дошт, ҳифзи БарҶом боиси ҷилавгирӣ аз оғози мавҷи ҷадиди танишҳо перомуни барномаи ҳастаии Эрон мешавад. Бинобар ин бояд тамоми иқдомоти лозимро барои ҳифзи ин тавофуқи байналмилалӣ ба кор гирифт.

Путин пеш аз ин низ борҳо бар лузуми ҳифзи БарҶом таъкид карда буд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико сешанбеи 8 май ба таври якҷониба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон дар нисбати БарҶом, кишваршро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Даври нахусти таҳримҳо аз 7 август ба иҷро гузошта шуд. Даври дувум низ 5 ноябр расман амалӣ шуд.

Хуруҷи Амрико аз БарҶом бо интиқодоти густурдаи ҷаҳонӣ, ба вижа дигар тарафҳои имзокунандаи ин тавофуқи байналмилалӣ рӯбарӯ шудааст.

Британия, Фаронса, Русия, Чин, Олмон ва Иттиҳоди Аврупо эълом кардаанд, ба БарҶом пойбанд буда ва аз он ҳимоят мекунанд.

Дар ҳамин росто, Эрон ва Аврупо дар ҳафтаҳои ахир гуфтугӯҳоеро ба манзури ҳифзи БарҶом пас аз хуруҷи Амрико аз ин тавофуқи байналмилалӣ оғоз кардаанд. Аврупо дар ҷараёни ин музокирот мутааҳҳид шуд, бастае ҳимоятӣ дар чорчӯби БарҶом ва барои муқобила бо таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ба Теҳрон ироа кунад.