Декабр 01, 2018 17:42 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти Ҷорҷ Буши падар, раисиҷумҳури собиқи Амрико

Ҷорҷ Герберт Уолкер Буш, 41-умин раисиҷмҳури Амрико дар 94-солагӣ даргузашт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои ЭронЮ, Ҷорҷ Буши (падар), раисиҷумҳури собиқи Амрико дар синни 94-солагӣ даргузашт.

Ин хабарро фарзандаш Ҷорҷ Буши хурдӣ, эълом кард.

Вай дар солҳои 1989 то 1993 ӯҳдадори мақоми раёсати Кохи Сафед буд ва пеш аз он низ муовини Роналд Рейган, раисиҷумҳури собиқи Амрико буд.

Ҷорҷ Буш дар ҳамин даврон ба фармондеҳи киштии ҷангие, ки дар Халиҷи Форс ҳавопаймои мусофирии Эронро мунфаҷир карда буд, медали шуҷоат эҳдо кард. Сеюми июли 1988 ҳавопаймои мусофирии Эйрбоси Эрон, ки аз Бандар Аббос дар ҷануби ин кишвар озими Дубай буд, бар фарози обҳои Халиҷи Форс, мавриди ҳуҷуми ягонҳои дарёии мутаҷовизи амрикоӣ қарор гирифт.

Ин ҳавопаймо дорои 290 мусофир ва хадама буд, ки тамомии онҳо бо ин ҷиноят ба шаҳодат расиданд.

Дар миёни сарнишинони ин ҳавопаймои мусофирбарӣ, 66 кӯдаки зери 13 сол, 53 зан ва 46 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ низ буданд, ки кушта шуданд.

Уильям К. Роджерс III, нохудои ин киштӣ пас аз чанде медали шуҷоатро дар кишвараш дарёфт кард.