Ибтилои ҳашт ҳазор нафар ба бемории СПИД дар Афғонистон
Декабр 02, 2018 14:13 Asia/Dushanbe
Шумори беморони мубтало ба СПИД дар Афғонистон ҳудуди ҳашт ҳазор нафар эълом шуд.
Рафиқи Қозизода, муовини барномаи миллии контроли бемории СПИД-и Афғонистон иллати аслии афзоиши шумори беморони мубталои СПИД дар ин кишварро истифодаи муътодони тазриқӣ аз суранг (шпритс)-и муштарак эълом кард ва гуфт: Маводи мухаддир дар Афғонистон умдатарин роҳи интиқоли ин беморӣ аст.
Вай ҳамчунин афзуд: Аз ҳашт ҳазор мубтало ба СПИД, 2600 нафар аз онҳо шиносоӣ шудаанд, ки ҳазор нафар аз онҳо ба сурати доимӣ барои дармон ба марокизи дармонӣ муроҷиа мекунанд.