Қатар аз ОПЕК хориҷ мешавад
Ширкати миллии нафти Қатар имрӯз (душанбе) эълом кард, ин кишвар аз ибтидои январи 2019 аз Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) хориҷ мешавад.
Ба гузориши Райтерз, Саъд ал Каъбӣ, вазири энержии Қатар дар як конфронси хабареӣ дар Давҳа, тасмим ба хурӯҷ аз созмони ОПЕК пас аз 57 сол узвият дар ин созмонро, далоили фаннӣ ва роҳбурдӣ хонд ва гуфт: “нишасти ояндаи ОПЕК охирин ҳузури Давҳа дар ин созмон аст”.
Ал Каъбӣ, тасмими Қатарро дар ростои роҳбурди тӯлонимуддати Давҳа барои беҳбуди нақши байналмилалии ин кишвар, донист ва афзуд:”Қатар ҳамонанди соири кишварҳои ғайри узви ОПЕК ба тааҳҳудоти ин созмон пойбанд хоҳад монд”.
Вазири энержии Қатар аз қасди Давҳа барои эҷоди широкатҳои байналмилалии бузург хабар дод ва изҳор кард:”Таъсири Қатар бар тасмимоти тавлиди нафт дар ОПЕК маҳдуд аст ва кишвараш бояд бар афзоиши тавлиди газ аз 77 ба 110 миллион тонн дар сол тамаркуз кунад”.