Захарова: Русия Аврупоро аз барбарият наҷот дод
Сухангуи Вазорати хориҷаи Русия дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт: Русия Аврупоро аз барбарият, диктаторӣ, терроризм, таҷовуз ва ҷангталабӣ, ки ҳамаҷоро фаро гирифта буд, наҷот дод.
Мария Захарова ин изҳоротро дар вокуниш ба суханони раисҷумҳури Украина матраҳ карда, ки Русияро ба ҳамлаи эҳтимолӣ ба Киев муттаҳам карда буд.
Захарова дар идома Украинаро маҳди ифротгароҳо ва хонаи анҷумани ҷангталабон ва шибҳнизомиён хонд, ки давлати он бо такя бар ҷоҳилон ва роҳ андохтани ҷанг алайҳи миллати худ, таблиғ ва таҳрикро ба унвони равиши ҳукуматдорӣ ва мудирияти ҷомеа интихоб кардааст.
Сухангуи Вазорати хориҷаи Русия афзудааст: Натсионализм ба унвони идеа ва хатти машии миллӣ, таҳаккуми ҳамроҳ бо низомигарӣ ва набуди механизми контроли умумӣ, аз дигар вижагиҳои Украина аст.
Ба назар мерасад, кинояи Захарова ба наҷоти Аврупо ба дасти Русия, ба ду воқеаи таърихии бузург яъне шикасти Наполеон ва Олмони нозӣ аз русҳо ишора дорад.