Поёни султаи Месси ва Роналдо. “Тӯби тилоӣ” ба Лука Модрич расид
Лука Модрич, ситораи 33-солаи тими футболи “Реал Мадирад”-и Испания ва тими миллии футболи Хорватия шаби душанбе муваффақ шуд, “Тӯби тилоӣ”-и соли 2018-ро аз они худ кунад.
Ба гузориши ИРНА, эътои ин унвон ба Модрич ба беш аз як даҳаи султаи Лионел Месси, ситораи аргентинии тими футболи “Барселона”-и Испания ва Криштиану Роналдо, ситораи португалии собиқи “Реал Мадаред”-и Испания ва кунунии “Ювентус”-и Италия бар ҷоизаи беҳтарин бозикуни соли ҷаҳон, аз нигоҳи нашрияи “Франс футбол”, поён дод. Дар фосилаи соли 2007, ки Какаи бразилияӣ ҷоизаи “Тӯби тилоӣ”- ро бурд, то имсол, ки Модрич ин ҷоизаро гирифт, “Тӯби тилоӣ” ба Криштиану Роналдо ё Лионел Месси мерасид.
Ин маросим шаби душанбе дар толори “Grand Palais”-и Париж баргузор шуд.
Роналдо дар раддабандии “Тӯби тилоӣ”-и имсол дар раддаи дувум қарор гирифт ва Месси ҳам дар раддаи панҷум истод.
Модрич 24 сентябр низ бо интихоби Федератсияи Байналмилалии Футбол (ФИФА) ба унвони беҳтарин бозикуни соли ҷаҳон интихоб шуда буд.
Тақдими ҷоизаи “Тӯби тилоӣ”-ро нашрияи фаронсавии “Франс футбол” дар соли 1956 оғоз кард. Хабарнигорон дар 176 кишвари ҷаҳон амалкарди беҳтарин футболистҳои ҷаҳонро баррасӣ мекунанд, то дар поёни соли милодӣ бо интихоби панҷ бозикуни бартари сол барандаи “Тӯби тило”-ро таъйин кунанд. Модрич яке аз сутунҳои аслии муваффақияти тими миллии Хорватия ва расидани ин тим ба финали Ҷоми Ҷаҳонӣ-2018-и Русия буд.