Рекорди бомбборони Афғонистон шикаста шуд+гузориши видеоӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i39948-Рекорди_бомбборони_Афғонистон_шикаста_шуд_гузориши_видеоӣ
Нерӯҳои НАТО ба фармондеҳии Амрико дар даҳ моҳи гузашта 6 ҳазор бомб бар сари мардуми Афғонистон рехтаанд.  
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 04, 2018 19:39 Asia/Dushanbe

Нерӯҳои НАТО ба фармондеҳии Амрико дар даҳ моҳи гузашта 6 ҳазор бомб бар сари мардуми Афғонистон рехтаанд.  

Артиши Амрико эълом кард: Низомиёни амрикоӣ дар 10 моҳи гузашта наздик ба шаш ҳазор бомбро ба манотиқи мухталифи Афғонистон партоб карданд, ки ин мизон бомбборони дар 10 соли гузашта бесобиқа будааст.

Ба таври миёнгин аз ибтидои 2018 токунун рӯзона 20 бомб дар Афғонистон аз сӯи нерӯҳои амрикоӣ партоб шудааст.  

Имсол дастикам 600 ғайринизомии афғон дар ҳамалоти ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ ҷони худро аз даст додаанд.