Декабр 05, 2018 22:04 Asia/Dushanbe
  • Путин: Амрико аз INF хориҷ шавад, посухи моро мебинад

Раисҷумҳури Русия ба тасмими Амрико барои таълиқи иҷрои Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд INF вокуниш нишон дод.

Владимир Путин гуфт: Русия мухолифи нобудии Паймони манъи мушакҳои миёнбурди ҳастаӣ аст, аммо агар ин иттифоқ биафтад, ба шеваи муносиб посух хоҳад дод.  

Путин гуфт: “Амрико тасмими хориҷ шудан аз паймонро муддатҳо қабл хеле бесару садо гирифта буд ва тасаввур карданд, ки мо мутаваҷҷеҳи он нахоҳем шуд, аммо тавсеаи ин мушакҳо қаблан низ ҷузъе аз будҷаи Вазорати дифои Амрико (Пентагон) будааст”.  

Мария Захарова, сухангуи Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, сафорати Амрико дар Маскав ёддоштеро мабнӣ бар таълиқи иҷрои паймони INF ба Вазорати хориҷаи Русия ирсол кардааст.  

Амрико зимни ин таълиқ эълом карда, ки агар Русия зарфи 60 рӯз пойбандии комили худро ба паймони INF нишон надиҳад, аз он хориҷ хоҳад шуд.  

Маскав борҳо ин иттиҳоми Вашингтонро рад ва таъкид карда, ки токунун ҳеҷгоҳ паймони INF-ро поймол накардааст.  

Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд INF 8 декабри 1987 байни мақомоти вақти Амрико ва Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ имзо шуд ва ду кишвар тавофуқ карданд, ҳама мушакҳои Куруз ё Баллистики заминпартоб бо бурди 500 то панҷ ҳазору 500 километри худро нобуд кунанд.