Натоиҷи интихоботи парлумонӣ дар Кобул ботил шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i39991-Натоиҷи_интихоботи_парлумонӣ_дар_Кобул_ботил_шуд
Сухангуи Комиссияи шикоёти интихоботии Афғонистон натоиҷи интихоботи парлумонии Кобулро ботил эълом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 06, 2018 10:36 Asia/Dushanbe
  • Натоиҷи интихоботи парлумонӣ дар Кобул ботил шуд

Сухангуи Комиссияи шикоёти интихоботии Афғонистон натоиҷи интихоботи парлумонии Кобулро ботил эълом кард.

Алиризо Рӯҳонӣ панҷшанбе дар нишасти матбуотӣ, натоиҷи интихоботи парлумонии Кобулро ғайривоқеӣ ва лабрез аз тақаллуб донист.

Пештар Абдулбадеи Сайёд, раиси Комиссияи интихоботи Афғонистон аз бозшумории дубораи орои ҳавзаҳои интихоботии Кобул ба иллати шикоятҳои густарда аз тахаллуф дар ин интихобот хабар дода буд.

Интихоботи парлумонии Афғонистон 20 ва 21 октябри 2018 баргузор шуд.